Ҳалокати беш аз 90 нафар дар таркиши як кони ангишт дар Чин

Расонаҳои давлатии Чин гузориш доданд, ки бар асари таркиш дар як кони ангиш дар ин кишвар, дастикам 90 тан ҷон бохтаанд.

Хабаргузории "Франс пресс" бо такя ба хабаргузории давлатии Чин -- "Синхуа" навишт, ки ҳодиса шоми 22 май дар як кони ангишт дар вилояти Шанси, рух додааст.

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, ҳамгоми рух додани таркиш дар умум 247 коргар дар зери замин ҳузур доштанд.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин гуфтааст, ки 345 нерӯи кӯмакрасон ба маҳали ҳодиса фиристода шуданд ва дар ҷустуҷӯи 9 нафаре ҳастанд, ки ҳанӯз нопадид ҳастанд.

Таркиши рӯзи ҷумъа, бадтарин фоҷеа дар як кон дар Чин пас аз соли 2009 ба шумор меравад.

Дар ин сол дар таркиши маъдане дар вилояти Хэйлунсзян дар шимол-шарқи Чин, 108 нафар ҷон бохтанд.

Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин хостори истифода аз ҳама имкониятҳо барои дармони захмиҳо шуд ва бар анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба дар бораи ин ҳодиса таъкид кард.

Шуморе аз сарони кишварҳои дунё ба раисҷумҳури Чин дар робита ба ин ҳодиса номаҳои ҳамдардӣ фиристоданд.