Мақомоти маҳаллӣ эълон карданд, ҳашт кӯдаки як то 14-сола рӯзи 19 апрел дар тирандозӣ дар шаҳри Шривпорти аёлати Луизиана кушта шуданд ва шахси гумонбар дар ҷараёни гурез бо мошинаш, аз сӯи пулис кушта шудааст.
Сухангӯи пулиси Шривпорт дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бархе аз ин кӯдакон бо гумонбар риштаи хешутаборӣ доштанд ва тирандозӣ дар се маҳали истиқоматӣ рух додааст.
Ӯ гуфт, дар маҷмӯъ дастикам 10 нафар ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтаанд, аммо ҷузъиёте дар бораи вазъияти бозмондагон надод.
Ба гуфтаи ӯ, тирандозӣ каме пас аз соати шаши субҳи якшанбе ба вақти маҳаллӣ рух дод ва ҳамчун даргирии хонаводагӣ дар назар гирифта шудааст.
Ба гуфтаи сухангӯи пулис, гумонбар пас аз тирандозӣ як мошинро дузида ва дар пайи таъқиби кормандони интизомӣ ба як минтақаи ҳамҷавор паноҳ бурд ва аз тири милисаҳо ба ҳалокат расид.
Пулис дар ҳоли таҳқиқи ин ҳодиса аст.
Ба гуфтаи пулис, номи гумонбар пас аз расонидани иттилоъ ба хонаводаҳои қурбониён, нашр хоҳад шуд. "Мо медонем, ки бархе кӯдаконе, ки дар дохил буданд, аз бастагони ӯ буданд",-гуфт як мақоми маҳаллӣ.
Бар асоси омори "Бойгонии хушунатҳои мусаллаҳона", бе шумориши ҳодисаи ин охири ҳафта дар Шривпорт, имсол дастикам 119 тирандозии ҷамъӣ дар Амрико рух додааст, ки ба кушта шудани 117 нафар, аз ҷумла, 79 кӯдак ва захмӣ шудани 458 нафар анҷомид.