Ҳалокати 643 кас дар садамаҳои нақлиётии як соли ахир

Садамаи нақлиётӣ дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ. Моҳи июни соли 2025

Соли 2025 дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон 643 нафар ҷон бохтаанд, яъне қариб ҳар рӯз ду нафар. Ин оморро Ҷаҳонбин Ҳакимзода, сухангӯи Бозрасии давлатии автомобилӣ эълон кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт ҳамчунин 1542 кас ҷароҳат гирифтанд.

Мақомот набастани тасмаи бехатариро аз сабабҳои асосии зиёд будани фавт дар роҳҳо медонанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар кишвар танҳо 24 дарсади ронандагон аз тасмаи бехатарӣ истифода мекунанд. Дигар ронандагон танҳо бо дидани нозири роҳ тасмаи бехатариро мебастаанд.

Дар зимн мошинҳои кӯҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат низ аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.