Дар пайи як сонеҳа ё садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат шаш нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса субҳи шанбеи 1-уми август дар роҳи Норак-Ваҳдат рух дода, Радиои Озодӣ нав ҷузъиёти онро ба даст овард.
Як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфт, чор нафар аз ҳалокшудагон аз як оила буданд ва ду каси дигар ҳам хешованди онҳо мебошанд.
Ин манбаъ гуфт, ҳодиса дар минтақаи Зардолуи шаҳри Ваҳдат рух додааст. Ҳалокшудагон сокинони ҷамоати Карим Исмоил будаанд.
Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. Тибқи иттилои дарёфтӣ, ду мошин бо ҳам бархӯрдаанд.
Дар ҳамин ҳол, яке аз хешовандони ҳалокшудагон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин хонавода барои хабаргирии беморе ба ноҳияи Ёвон рафта буданд ва аз тариқи шаҳри Норак ба Ваҳдат бармегаштанд.
Ҳамсӯҳбати мо афзуд, дар миёни ҳалокшудагон кӯдакон низ ҳастанд.
Вазорати корҳои дохилӣ то лаҳзаи нашри ин хабар ҳодисаро расман шарҳ надодааст.
Навор дар Инстаграм:
Ҳамарӯза дар роҳҳои Тоҷикистон садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳад, ки боиси ҳалокат ва маҷрӯҳ шудани сокинон мегардад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ 287 кас ҷон бохта, 508 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.