Бар асари ҳамлаҳои Украина ба вилояти Маскав дар рӯзи 17 май, се нафар ҷон бохтанд. Ин бузургтарин ҳамлаи Украина ба вилояти Маскав дар як соли ахир гуфта мешавад. Тибқи гузоришҳо, бар асари ҳамлаҳои Украина як нафар дигар дар минтақаи Белгород, ҳаммарз бо Украина, ҷон бохтааст.
Вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе эълон кард, ки аз шаби пеш то кунун беш аз ҳазор паҳпод дар дастикам 12 минтақаи ин кишвар сарнагун шудаанд.
Андрей Воробёв, губернатори вилояти Маскав ин талафотро тасдиқ кард ва афзуд, ки тимҳои имдодрасон дар ҳоли ҳозир машғули ҷустуҷӯи як нафари дигар дар зери вайронаҳо ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, чандин хонаи истиқоматӣ ва зербиноҳо дар ин ҳамлаҳо осеб дидаанд.
Хабаргузории ТАСС ба нақл аз Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гузориш дод, ки системаи дифои ҳавоии Русия аз нимашаб то зуҳри якшанбе 81 паҳподро, ки ба тарафи Маскав дар ҳаракат буданд, аз байн бурд.
Собянин ҳамчунин гуфт, 12 нафар захмӣ шудаанд, ки бештари онҳо дар наздикии дарвозаи вурудии яке аз полоишгоҳҳои нафти Маскав будаанд. Ӯ иддао кард, ки ҳеч бахше аз таҷҳизоти полоишгоҳ осеб надидааст.
Фурудгоҳи Шереметево, калонтарин фурудгоҳи Русия дар Маскав низ эълон кард, пораҳои паҳподҳо дар атрофи фурудгоҳ суқут кард, аммо хисороте дар пай надошт.
Паҳбодҳои украинӣ ҳамчунин дар минтақаҳои Калуга, Брянск, Смоленск, Псков ва дар Қрим -- ҷазирае, ки Русия дар соли 2014 ба таври ғайриқонунӣ онро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард, сарнагун шудаанд.
Ин ҳамлаҳо танҳо ду рӯз пас аз он рух дод, ки як мушаки партобшуда аз Русия ба як муҷтамаи истиқоматӣ дар Киев, пойтахти Украина бархӯрд ва 24 нафар, аз ҷумла, се кӯдакро ба ҳалокат расонд. Ин пурталафоттарин ҳамлаи Русия ба Киев дар соли ҷорӣ ба шумор меравад.
Президенти Украина Владимир Зеленский ҳамлаи паҳподҳои украинӣ ба Маскав ва вилояти ҳамноми онро дар шаби 17-уми май шарҳ дод.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар паёме дар шабакаи Х гуфт, "мо ошкор ба русҳо мегӯем, "ҳукумати онҳо бояд ба ҷанги худ поён диҳад".
Ба гузориши Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Украина, дар ин ҳамлаҳо як қатор иншоотҳои марбут ба энержӣ ва саноати ҳарбӣ ҳадаф қарор гирифтанд. Ҳамчунин хонаҳои истиқоматӣ низ осеб диданд.
Тибқи маълумоти ахир, се нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Ҳиндустон ҳалок шуданд. 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Владимир Зеленский дар муроҷиати видеоӣ гуфт, қувваҳои мудофиа, Хадамоти амният ва истихбороти Украина дар минтақаи Маскав амалиёти хеле густарда анҷом доданд.
Зеленский қайд кард, ки минтақаи Маскав бештар аз ҳама бо низомҳои дифои ҳавоӣ таъмин шудааст, аммо ба гуфтаи президент, паҳподҳои украинӣ аллакай аз ин монеаҳо убур мекунанд.
Раиси ҷумҳури Украина ин зарбаҳоро "ҷавоби комилан одилона" ба ҳамлаҳои Русия ба шаҳрҳои Украина номид.
Ҳамлаҳои густурдаи Русия ва Украина ба якдигар андаке пас аз поёни оташбаси серӯза рух дод, ки дар остонаи гузашт ё парад ба муносибати "Рӯзи Ғалаба" дар 9 май, барқарор шуда буд.
Оташбасе, ки Зеленский иддао дорад Маскав дар хати пеши ҷабҳаи шарқии Украина ба он пойбанд набудааст.