Ҳалокати 2 нафар дар бархӯрди як худрав бо издиҳоми мардум дар Олмон

Маннхейм, Олмон. 3 март, 2025.

Пулиси Олмон мегӯяд, бар асари бархӯрди як мошин дар шаҳри Маннхейм бо издиҳоми мардум, ду нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд.

Ин ҳодиса 3 март рух дод ва ронандаи худрав ба гурӯҳе аз мардум дар хиёбоне, ки барои роҳгузарон ихтисос дошт, бархӯрд кард.

Сухангӯи пулис гуфтааст, як гумонзади ин ҳодиса боздошт шудааст, аммо таъкид кард, ки дар мавриди эҳтимоли вуҷуди гумонзадҳои дигар наметавон маълумоти бештар дод. Хабаргузории Олмон мегӯяд, ӯ шаҳрванди ҳамин кишвар аст.

Пас аз ин ҳодиса пулис аз мардуми Маннхейм дар ҷануб-ғарби Олмон хост, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва аз рафтан ба ҷойи ҳодиса худдорӣ кунанд.

Мошинҳо ба унвони абзори маргбор дар чандин иқдоми хушунатомез дар моҳҳои ахир дар Олмон мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Моҳи гузашта як духтари дусола ва модараш ду рӯз пас аз захмӣ шудан дар як ҳамла бо як мошин дар Мюнхен, ҷон бохтанд. Як марди 24-солаи афғон, ки ба унвони як паноҳҷӯ ба Олмон омада буд, дастгир шуд ва додгоҳ гуфт, ки ба назар мерасад ӯ бо ангезаҳои динӣ ин корро анҷом додааст.

Соли гузашта бар асари бархӯрди як мошин дар бозори Крисмас дар шаҳри Магдебург дар шарқи ин кишвар, шаш нафар кушта ва беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд.