Ҳалокати 15 навзод дар сӯхтори як бемористон дар Исломобод

Бемористони маъруф ба PIMS дар шаҳри Исломобод. 26-уми августи 2026

Бар асари сӯхтор дар бахши занон ва зоймони "Муассисаи улуми тиббӣ", маъруф ба PIMS, дар шаҳри Исломобод 15 навзод ҷон бохтаанд.

Ҳодиса субҳи 26-уми август рӯй дод.

Нахуствазири Покистон фоҷеаро ба мушкил дар дастгоҳи ҳавополо ё “кондитсионер” рабт дод.

Ба гузориши телевизиони “GEO”, сӯхтор дар табақаи севуми "Бемористони модар ва кӯдак" соати ҳафти субҳи чоршанбе сар задааст.

Дар онҷо 16 тифлро нигоҳ медоштанд, аммо танҳо як нафарашро наҷот дода тавонистанд.

Мустафо Камол, вазири тандурустии Покистон, дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизиони маҳаллӣ гуфтааст, "навзодон ё дар дастгоҳи инкубатор буданд ва ё аз капсули оксиген истифода мекарданд".

Баъзе аз волидон талаб доранд, ки ҷасади кӯдаконашонро ба онҳо бидиҳанд.

“Ман ҳатто рӯйи духтарамро надидам. Шароит дар дохили ҳуҷра бисёр бад буд. Ман ба инҷо ҳашт рӯз пайиҳам меомадам, вазъият бисёр аҷибу ғариб буд. Ҳама дарҳо баста буданд, барои дидани кӯдакон танҳо як дар боз мешуд. Дарҳои дигарро баста нигоҳ медоштанд, то мо ба назди кӯдакон зиёд рафтуомад накунем,” – гуфт Мудассир, падари як навзоде, ки дар сӯхтор ҷон бохтааст.

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, ба мақомоти кишвараш амр додааст, ки фоҷеаро билофосила таҳқиқ карда, сабабгоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.