Ҳалокати 1000 кас дар садамаҳои нақлиётии ду соли охир дар Тоҷикистон

Садама дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ. Моҳи июни соли 2025

Дар ду соли охир беш аз ҳазор кас дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон ҷон бохта, қариб се ҳазор каси дигар маҷруҳ шудаанд.

Ин оморро Маҳмадалӣ Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагон, дар матлабе дар рӯзномаи порлумонии “Садои мардум” нашр кард.

Маҳмадалӣ Ватанзода

Ба навиштаи ӯ, 90 дарсади сокинон дар садамаҳое ҳалок ё захмӣ шудаанд, ки сабабаш риоя накардани суръати ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобил ва риоя накардани қоидаҳои сабқат аст.

Моҳи феврали имсол порлумони Тоҷикистон ҷаримаро барои риоят накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ зиёд кард.

Як сабаби сахттар шудани ҷазо, ба навиштаи Маҳмадалӣ Ватанзода, пешгирӣ аз садамаҳои зиёд дар роҳҳо аст.

Тибқи омори вакил, соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 899 ҳазор мавриди вайронкунии қоидаи ҳаракат дар роҳ сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соле пеш 27 ҳазор ҳолат зиёд аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Садамаи "1111 QQ 03" бо ду блогердухтар ва писари як мансабдорСадама дар Қубодиён ҷони падари ҷавону ду тифли хурдсолашро гирифтҲалокати чор кас дар рӯзи тӯй дар ХатлонМарги панҷ узви як оила дар тасодуфе дар роҳи Душанбе -Хуҷанд Дар садамаи маргборе дар Турсунзода 4 нафар ҷон бохтаанд