Нурлан Сабуровро 50 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карданд

Мақомоти интизомии Русия ҳаҷвнигори қазоқ Нурлан Сабуровро 50 сол аз ҳаққи даромадан ба Русия маҳрум карданд. Дар ин бора РБК бо такя ба манбааш дар ниҳодҳои қудратӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, манъи вуруди ҳаҷвнигор аз 30-юми январ имзо шудааст. Хабаргузории расмии РИА Новости навишт, чунин қарор "бо назардошти манфиатҳои амнияти миллии Русия, риояи қонун ва ҳимояти арзишҳои миллию ахлоқӣ содир шуд".

Як манбаи ин хабаргузорӣ гуфт, далели чунин қарор ба танқиди Сабуров аз ҷанги Русия дар Украина ва ҳам вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ва молиёт (андоз) мебошад.

Айни замон, "Важние истории" аз қавли як шиноси Сабуров навишт, сабаби чунин рафтори мақомоти Русия ин буд, ки ҳаҷвнигори маъруфро чандин бор ба идораи ФСБ – Хадамоти амнияти федеролӣ даъват карда, аз ӯ хостанд бо онҳо ҳамкорӣ кунад, вале ӯ “на розигӣ дод ва на рад кард”.

Бори охир соли 2025 ӯро ба ФСБ даъват карда, шарт гузоштаанд, ки ба ҷанги зидди Украина равад ё Русияро тарк кунад.

Shot навишт, Сабурови 34-сола, ки шаҳрванди Қазоқистон аст, шаби 6-уми феврал бо ҳавопаймои ширкати Fly Dubai ба Маскав расид, вале ӯро ҳангоми аз санҷиш гузаштан ба як хонаи алоҳида бурда, ба дасташ санади манъи ворид шудан ба Русияро супурданд.

Mash шоми 6-уми феврал навишт, ки Нурлан Сабуров дар фурудгоҳи Внуково дар миёни нафароне мебошад, ки мунтазири ихроҷ аз Русия ҳастанд.

Як сол пеш ӯро дар фурудгоҳи Шереметево барои вайрон кардани қонуни муҳоҷират ҷарима бастанд. Моҳи ноябр фаъолони як гурӯҳи рӯ ба ҳукумат бо номи "Сорок сороков" аз болои Сабуров ба Кумитаи тафтишоти Русия барои шӯхиаш дар ҳаққи Исои Масеҳ шикоят карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ихроҷи зиёда аз 600 донишҷӯи тоҷик аз Русия Таърифи раиси Дума аз рондани ҳазорон муҳоҷир аз РусияИхроҷи таҳқиромези даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия