Як манбаи дипломатӣ дар ҳукумати Толибон дар Эрон тасдиқ кард, ки дастикам ҳафт зани афғон дар роҳи расидан ба Эрон, бар асари гуруснагӣ ва ташнагӣ ҷон бохтаанд.
Ин манбаъ, ки нахост номаш гирифта шавад, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки панҷ тан аз ин қурбониён, ба шумули як модар ва чаҳор духтар, сокинони вилояти Бағлон буданд, ки рӯзи 11 сентябр ҷон бохтанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ду зани дигар, ки сокинони вилояти Ҳирот буданд, рӯзи 14 сентябр ба ҳалокат расиданд.
Ин дар ҳоле аст, ки созмони мудофеи ҳуқуқи башар -"Ҳолваш" пеш аз ин аз ҷон бохтани дастикам 17 муҳоҷири афғон, аз ҷумла, занон, мардон ва кӯдакон дар минтақаи "Максӯхта" дар минтақаи марзии тобеи шаҳри Саровон, хабар дода буд.
Созмони "Ҳолваш" рӯзи 13 сентябр дар шабакаи Х навишта буд, ки ин ҳодиса рӯзи 10 сентябр рух дода ва ҷасадҳои қурбониён ба сардхонае дар минтақаи Хош интиқол дода шуданд.
Аммо манбаъи дипломатии Толибон дар Эрон омори эъломшуда аз сӯи созмони "Ҳолваш"-ро рад кард. Мақомҳои эронӣ ва ҳукумати Толибон то кунун ба таври расмӣ дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.
Минтақаҳои марзии Эрон дар солҳои ахир борҳо шоҳиди ҳодисаҳои ба ин монанд будаанд. Шумори зиёде аз афғонҳо аз ин масирҳо ба таври қочоқӣ нияти ворид шудан ба Эронро мекунанд ва дар пайи ташнагӣ, гум кардани роҳ ё тирандозии нерӯҳои марзӣ, ба ҳалокат мерасанд.
Дар моҳи июли соли ҷорӣ дастикам ҷасадҳои 14 шаҳрванди Афғонистон, ки аз тариқи қочоқӣ ба Эрон мерафтанд ва дар саҳро нопадид шуда буданд, дар дашти Моргу дар вилояти Нимрӯз пайдо шуд.