Ҳафт кудаки узбекистоние, ки дар Русия бесаробон монда буданд, ба ватан баргардонида шуданд.
Кумитаи оила ва занони Узбекистон гуфтааст, кудаконро аз марказҳои иҷтимоӣ ва ёрии ҳуқуқӣ ба ноболиғон дар Русия ба ватан овардаанд.
Кудакон баъди гузаштани як қатор расмиёт ба наздикону хешонашон дар Узбекистон супорида мешаванд. Шарҳ дода нашудааст, ки онҳо чи гуна дар Русия бесаробон мондаанд.
Ноболиғони бесаробон дар натиҷаи сафари ҳайати ҳукуматии Узбекистон ба Санкт-Петербурги Русия баргардонида шудааст.