Як зани 37-солаи сокини ҷамоати Ворухи Исфараро барои ба худкушӣ расондани ҳамсари бародараш ба чор сол зиндон маҳкум кардаанд.
Дар қарори додгоҳ омадааст, ин зан нисбати ҳамсари бародараш "муносибати дағалона нишон дода, ӯро мунтазам таҳқир мекард ва шаъну эътиборашро дар назди дигар аъзои оила паст мезад".
Зани маҳкумшуда иттиҳоми эълоншударо дар додгоҳ рад карда, худро бегуноҳ гуфтааст.
Аммо Додгоҳи шаҳри Исфара мегӯяд, санҷиши телефони зани фавтида нишон дод, ки ӯ аз муносибати бади хоҳаршӯй ба шавҳараш шикоят кардааст.
Бар асоси қарори додгоҳ, зани маҳкумшуда чор соли зиндонро дар зиндони низомаш умумӣ мегузаронад.
Ин бори аввал нест, ки занҳо дар пайи муносибати бади хушдоман ё дигар аъзои оилаи шавҳар қасди ҷони худ мекунанд.
Тибқи омори расмӣ, соли 2025 беш аз дусад зан дар Тоҷикистон қасд ба ҷони худ карда, бархе аз ҳаёт маҳрум ва чанде аз сӯйи наздикон наҷот дода шудаанд.
Ба иттилои расмӣ, соли гузашта беш аз 3600 шикоят аз хушунат дар хонаводаҳо сабт гаштааст. Ин 403 маврид зиёдтар назар ба соли 2024 мебошад.