Ҳабси як сокини Исфара барои "ирсоли пул" ба "Гурӯҳи 24"

Намое аз шаҳри Исфара.

Додгоҳи Исфара як сокини ин шаҳрро барои фиристодани ҳазор рубл ба "Гуруҳи 24", ба панҷ сол зиндон маҳкум кардааст. Нусхаи ҳукм аввали моҳи май дар сомонаи додгоҳ нашр шудааст.

Дар қарор омадааст, ин марди 49-сола соли 2021 ҳангоми дар Русия буданаш наворҳои "Гуруҳи 24"-ро тамошо карда, барояшон ҳазор рубл равон кардааст.

Вокуниши ин мард ва наздиконаш ба ҳукм маълум нест. Додгоҳ мегӯяд, ин мард ба гуноҳаш иқрор шудааст ва панҷ сол зиндонро дар маҳбаси низомаш пурзӯр адо мекунад.

Созмони "Гурӯҳи 24", ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст, бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон "ифротгаро" ва "мамнуъ" аст.

То ин дам даҳҳо нафарро ба гуноҳи пайравӣ аз он дар Тоҷикистону Русия дастгир ва бархеро ба муддати дароз зиндонӣ кардаанд. Намояндагони созмон фаъолияти худро дурусту сиёсӣ меноманд.

Дар ҳафтаҳои ахир ин ягона мавриди маҳкум шудани сокинон барои фиристодани маблағ ба мухолифон нест.

Охири моҳи апрел Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ҳам як нафарро бо иттиҳоми фиристодани 17 ҳазор рубл ба Муҳаммадиқболи Садриддин, аз мухолифони тундлаҳни ҳукумат, ба 13 сол зиндон маҳкум кард.