Ҳабси як шаҳрванди Узбекистон барои ширкат дар ҷанги Украина

Бинои Додгоҳи олии Узбекистон.

Додгоҳе дар Узбекистон як шаҳрванди ин кишварро барои ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина ба 3 сол зиндон маҳкум кард.

Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки ин муҳоҷири 33-сола аз Марғелон ҳангоми дар зиндони Русия буданаш бо Вазорати дифои он кишвар шартнома баста, моҳи сентябри соли 2025 ба ҷанги зидди Украина фиристода шудааст.

Ин муҳоҷир дар додгоҳ гуфтааст, ҳамагӣ чор рӯз дар даргириҳо ширкат дошт ва баъд захмӣ шудан ба Узбекистон баргаштааст, аммо ӯро дар ватанаш бо иттиҳоми зархаридӣ боздошт карданд.

Дар ҳоле, ки назари ин муҳоҷир ва наздикон ба иттиҳом ва ҳукми додгоҳ маълум нест, расонаҳои маҳаллии Узбекистон навиштаанд, ки мард гуноҳи худро дар додгоҳ пурра эътироф кардааст. Ин муҳоҷир гуфтааст, зери фишори кормандони зиндон шартнома бо Вазорати дифои Русияро имзо кардааст.

Дар як моҳи ахир ин аллакай сеюмин мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандони Узбекистон барои ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина аст.

Дар оғози моҳи феврал Додгоҳи вилояти Андиҷон як ҷавони 24-соларо бо гуноҳи ширкат дар ҷанги Украина ба 3 сол зиндон маҳкум карда буд.

Ба гузориши тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" феълан ҳазорон зодаи Осиёи Марказӣ дар ҳайати артиши Русия зидди Украина меҷанганд. Онҳоро бо ваъдаи додани шаҳрвандӣ, маблағи зиёд ва ё озодӣ аз зиндон ба ҷанг фиристодаанд.