Мусофири хатсайри “Маскав-Тошканд”, ки дар дохили ҳавопаймо занозанӣ карда буд, боздошт шудааст.
Сухангӯйи Додгоҳи олии Узбекистон Азиз Обидов гуфт, боздоштшуда шаҳрванди Русия аст ва пас аз нишастани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Тошканд дастгир гаштааст.
Ба гуфтаи Обидов, шаҳрванди 39-солаи Русия 12-уми май дар дохили ҳавопаймое, ки аз Маскав ба Тошканд парвоз мекард, дар ҳолати мастӣ занозанӣ кардааст.
Ба зидди ӯ ба иттиҳоми “майдаавбошӣ” ва “итоат накардан ба талаби қонунии маъмури ҳифзи ҳуқуқ” санад тартиб дода, ба Додгоҳи шаҳри Тошканд фиристодаанд.
Додгоҳ рӯзи 13-уми май дастур дод, ки шаҳрванди Русияро 3 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гиранд. Вай ҳамчунин ба пардохти 340 ҳазор сӯм вазифадор шудааст.