Манбаъҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ дар додгоҳи шаҳри Тошканд гуфтанд, Лутфулло Умаров 6 солу 2 моҳ аз озодӣ маҳрум гаштааст.
Дар бораи зиндонӣ шудани Умаров то ҳол расман иттилоъ дода нашудааст. Пулиси Тошканд 25-уми декабри соли гузашта хабар дода буд, ки Умаровро боздошт кардааст.
Ба гуфтаи манбаъҳои радио, Умаров дар истеҳсол, нигаҳдорӣ ва фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор дониста шудааст.
Лутфулло Умарови 52-сола ҳамроҳи соҳибнуфузони дигари олами ҷиноии Узбекистон, аз ҷумла Бузрук Бузрукови 38-сола, Салим Абдувалиеви 73-сола, маъруф ба "Салимбойбача", Саидазиз Сайдалиев ва Бахтиёр Қудратуллоев, маъруф ба "Бахти Тошкандӣ" дастгир гашта буд.
Мушовири вазири корҳои дохилии Узбекистон Зокир Алматов 27-уми январи имсол гуфта буд, ки дар ҷараёни амалиёти "40 рӯзи зарбдор" беш аз 230 кас боздошт шуда, ҷазо гирифтаанд.