Дастпонаи Tiffany, гӯшвори Graff... Ҳабси ҳамсари президенти собиқ

Ким Кон Ҳи. 12-уми августи соли 2025

Ким Кон Ҳи, ҳамсари Юн Сок Ёл, раисҷумҳури пешини Кореяи Ҷанубӣ, бо гуноҳи ришвагирӣ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд.

Додрас рӯзи 26-уми июн гуфт, "ӯ барои иҷрои хоҳишҳои сиёсии дигарон ҷавоҳироти гаронбаҳо гирифт." Худи зан гуфтааст, аз рӯйи ҳукм шикоят хоҳад кард.

Додраси додгоҳи ноҳияи марказии Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ, гуфт, "Ким Кон Ҳи бо истифода аз қудраташ ба ҳайси ҳамсари президент дар дарёфти вазифаву мақомҳо дар порлумон мусоидат карда, дар иваз подоши гаронбаҳо гирифтааст".

"Ӯ беибо ришваҳои зиёде қабул мекард, дар ҳоле ки барои одамони одӣ барои харидани чунин чизҳо як умр вақт зарур аст," -- гуфт додрас рӯзи 26-уми июн.

Дар миёни ҷавоҳироти гаронбаҳое, ки ӯ гирифтааст, аз ҷумла гарданбанди маъруфи Van Cleef & Arpels, дастпонаи ‌Tiffany, гӯшвори Graff ёд шудааст. Инчунин ӯ як сангпушти тилоӣ, сумкаи ширкати Dior ва соати ширкати Vacheron Constantin-ро бо арзиши беш аз 25 ҳазор доллар ва як наққошӣ гирифтааст.

Додрас гуфт, рафтори ҳамсари собиқ президент боварро ба шаффофияти таъйини мансабдорон ба вазифаҳои давлатӣ аз байн мебарад.

Дар миёни онҳое, ки "пора" додаанд, раиси як ширкати бинокорӣ будааст, ки хоҳони мансаб барои домодаш шудааст. Ё як рӯҳоние, ки хостааст шабакаи нуфузи худро дар миёни мақомдорони Кореяи Ҷанубӣ тавсеа бидиҳад.

Додгоҳ қарор кард, ки ин зан ба иловаи 7 сол зиндон ҷарима пардохт кардаву тамоми тӯҳфаҳои гирифтаашро баргардонад.

Худи зан дар додгоҳ иттиҳомҳоро рад карда, гуфтааст, бо ҳукм розӣ нест ва бозбинияшро талаб хоҳад кард.

Мурофиаи мазкур дар ҳоле барпо шуд, ки Ким Кон Ҳи барои муомилаҳои ғайриқонунӣ дар бозори саҳом ва гирифтани ришва аз Калисои муттаҳидаи Кореяи Ҷанубӣ моҳи апрели имсол ба чор сол ҳабс маҳкум шуда, дар зиндон қарор дошт.

Ҳамсари ӯ, президенти собиқи Кореяи Ҷанубӣ, моҳи феврал барои ташкили ошӯби кӯтоҳмуддат ва бедалел ҷорӣ кардани қуюди ҳарбӣ дар соли 2024 ба ҳабси абад маҳкум шудааст.