Ҳабси абади ҳашт узбекистонӣ барои занозанӣ дар Дубай

Шаҳри Дубай

Додгоҳе дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳашт шаҳрванди Узбекистонро барои ширкат дар як занозанӣ ба ҳабси абад маҳкум кард. Як узбекистонии дигарро ба 25 сол зиндон маҳкум карданд.

Аҳрор Бурҳонов, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон бо тасдиқи хабар гуфтааст, намояндагии дипломатии ин кишвар барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон корҳои заруриро анҷом медиҳад.

Муноқиша, ки дар пайи он шаҳрвандони Узбекистон боздошт шуданд, моҳи апрели соли 2025 дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Дубай рух дод.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар ин занозанӣ ду шаҳрванди Узбекистон ҳалок шуданд. Ба гуфтаи додситонии Дубай, сабаби муноқиша хусумати пешина миёни ду гуруҳ буд.