Раисҷумҳури Амрико рӯзи 19-уми феврал эълон кард, ки давоми даҳ рӯзи оянда тасмими Иёлоти Муттаҳида дар бораи Эрон рӯшан мешавад.
Доналд Трамп дар нишасти нахустини "Ҳайати сулҳи Ғазза" гуфт, Иёлоти Муттаҳида бояд ба як тавофуқи хуб бо Эрон даст ёбад, вагарна рӯйдоди баде рух хоҳад дод.
Дар айни ҳол раисҷумҳури Амрико таъкид кард, ки "дар тӯли солҳо собит шудааст, ки расидан ба як тавофуқи маънодор бо Эрон кори осон нест".
Изҳороти Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи 18-уми феврал раисҷумҳури Амрико бо мушовирони худ дар бораи буҳрон бо Эрон гуфтугӯ кард.
Дар пайи ин, шабакаҳои CNN ва CBS гузориш доданд, ки артиши Амрико мумкин аст то чанд рӯзи дигар омодаи ҳамла ба Эрон шавад. Бо ин ҳол расонаҳо гузориш додаанд, ки Доналд Трамп дар мавриди Эрон ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.
Пештар пойгоҳи Axios гузориш дода буд, ки агар Ҷумҳурии Исломӣ ба талабҳои Амрико розӣ нашавад, Доналд Трамп якҷоя бо Исроил метавонанд дар ҳафтаҳои наздик ҷангро алайҳи Эрон оғоз кунанд.
Иёлоти Муттаҳида дар ҳафтаҳои охир барои фишор ба Эрон нерӯҳои зиёди низомӣ, аз ҷумла чанд киштии ҳавопаймобарро ба Халиҷи Форс фиристодааст.