"Ягон машваратро иҷро накард." Гузориши HRW ба СММ дар бораи Тоҷикистон

Паёми солонаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба мардуму порлумон. Душанбе, 16-уми декабри 2025

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch ҳукумати Тоҷикистонро танқид кардааст, ки даъвати созмонҳои байнулмилалиро барои риояи ҳуқуқи мардум нодида мегирад.

Дар гузориши нави ин созмон аз 9-уми апрел гуфта мешавад, ки “Тоҷикистон дар 5 соли гузашта ягон машварати Созмони Милали Муттаҳидро барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон иҷро накард.”

“Тақвияти қонун барои таъмини дастрасӣ ба иттилоъ, озодии баён ва ҳаққи гирдиҳамоӣ” аз ҷумлаи ин машваратҳо будааст. Инчунин, гуфта шудааст, ки ба Тоҷикистон машварат дода буданд, фишорро болои ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолон, созмонҳои иҷтимоӣ ва рӯзноманигорону аъзои оилаи онҳо бас кунад, аммо накард.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, менависад: “Тоҷикистон на танҳо уҳдадориҳояшро иҷро накард, балки онҳоро ошкоро зери по намуд”.

Гузориши нав дар ёздаҳ саҳифа ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳам фиристода шудааст, ки қарор аст дар моҳи ноябри имсол вазъи ҳуқуқи одамонро дар Тоҷикистон баррасӣ кунад. Тоҷикистон бори охир соли 2021 дар баррасии умумӣ дар заминаи ҳуқуқи инсон иштирок карда буд.

Чаро Душанбе Путинро дастгир накард?

Дар гузориши нави Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз чанд ҳодисаи хушунатомез дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон ёд шудааст, ки ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ бо поймоли фаровони қонун сурат гирифт. Масалан, Тоҷикистонро барои иҷро накардани талаби Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар бораи боздошти президенти Русия Владимир Путин интиқод кардаанд.

Владимир Путин, ки аз соли 2023 ба ҷинояти ҷангӣ, аз ҷумла рабудани кӯдакони Украина ва маҷбурӣ ба Русия бурдани онҳо муттаҳам аст, моҳи октябри соли 2025 барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти Тоҷикистон буд.

Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ мегӯяд, барои боздошти ӯ ба мақомоти тоҷик пешниҳоди ҳуқуқӣ кард, вале Душанбе нодида гирифт. Мақомоти Тоҷикистон ба додгоҳ гуфтаанд, пойбанди қонунҳои байнулмилалӣ дар бораи таъмини масуният ё дахлнопазирии раҳбарони давлатҳо ҳастанд, ки онро пештар имзо карда буданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Оинномаи Румро вайрон кард". Қарори Додгоҳи Гаага дар бораи Тоҷикистон

Аз ҳодисаҳои Бадахшон то "табаддулот"

Дар мавриди дигар омадааст, ки ҳангоми саркӯби норозиён дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахзшон дар моҳи майи соли 2022 ҳудуди чиҳил нафар кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан ҳодисаҳои Бадахшонро "амалиёти зиддитеррористӣ" номиданд, вале Human Rights Watch гуфт, "ходимони пулис ва кормандони дигари қудратӣ даст ба кушторҳои худсарона ва поймолкунини ҳуқуқи одамон зада, ҳеч яке аз онҳо ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд".

Дар иваз, ба навиштаи созмон, 205 сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндонӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, 11 нафар ба ҳабси якумрӣ ва боқимондаҳо аз 9 то 29 сол зиндон. Дар миёни онҳо дастикам 20 ҳомии ҳуқуқ, вакили мудофеъ ва рӯзноманигорони мунтақиди ҳукумат будаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар пайванд бо ҳодисаҳои ВМКБ боздошту зиндонӣ карда шудаанд, фавран ва бидуни қайду шарт озод кунанд.

Соли 2024 дар Тоҷикистон гурӯҳи калоне аз мансабдорону сиёсатмадорон, аз ҷумла муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ба муҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ гуфт, онҳо барои хиёнат ба давлат ва таҳияи нақшаи ғасби қудрат ҷазо гирифтанд, вале худи онҳо ва наздиконашон ҳама гуна хилофкориро рад намуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳабс, саркӯб ва марг дар зиндон. Вазъи ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон

Таъқиби дигарандешон дар хориҷа

Муаллифони гузориш истирдоди мунтақидони ҳукумати Тоҷикистонро аз Туркия ва Русия чун намунаи таъқиби дигарандешон дар хориҷа танқид кардаанд. Ба унвони мисол аз нопадидшавии мармуз ва истирдоди Насимҷон Шарифов ва Сӯҳроби Зафар – фаъолони “Гурӯҳи 24” аз Туркия ва Ораз Вазирбеков ва Рамзӣ Вазирбеков – фаъолони помирӣ аз Русия ёд шудааст.

Дар гузориш ҳамчунин омадааст, баъди аз Олмон ихроҷ шудани Абдуллоҳи Шамсиддин ва Билол Қурбоналиев, онҳоро дар Тоҷикистон бо иттиҳоми гуногун, аз ҷумла "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ба 7 ва 10 сол зиндон маҳкум карданд. Дилмурод Эргашевро баъди ронда шуданаш аз Олмон дар Душанбе боздошт ва бо иттиҳоми даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ ҳашт сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Human Rights Watch ҳамаи ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, гуфтааст, Тоҷикистон бояд ба таъқибҳои фаромиллӣ, аз ҷумла нопадидшавиҳои маҷбурии мунаққидони ҳукумат дар хориҷа хотима бахшад ва дар умум ҳуқуқи мардумро муроот кунад. Вокуниши ҷониби Тоҷикистон ба гузориши нав ҳанӯз маълум нест.