Марги ғайринизомиён дар чанд гӯшаи Украина

Донетск, 24-уми июли 2024

Бар асари ҳамлаҳои Русия ба минтақаҳои зери назорати Украина дар вилояти Донетск рӯзи 27-уми июл камаш панҷ ғайринизомӣ кушта шудааст.

Ба қавли намояндагони вилоят, се кас дар деҳаи Ивановка ва якнафарӣ дар Константиновка ва Торетск ҷон бохтанд. Манбаъ афзуда, ки 15 нафари дигар захмӣ ҳастанд.

Масъулони ҳукумати Харков ва Херсони Украина низ рӯзи 28-уми июл дар бораи кушта шудани мардуми осишта гузориш доданд. “Сибир.Реалии”, як бахши Радиои Озодӣ навишт, ки дар деҳаи Лвови вилояти Херсон марди 84-сола кушта шуд.

Нерӯҳои Русия дар деҳаи Москаливка дар вилояти Харков як сокини 70-соларо кушта ва ба чаҳор хона осеб расондаанд.

Аз оғози ҳуҷуми Маскав ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, нерӯҳои Русия ҳар рӯз бо ҳавопаймову мушак ба мардуму иншооти ин кишвар зарба мезананд.

Вазорати дифои Русия иддао дорад, ки танҳо бахши низомии Украинаро нишон гирифтааст, вале дар бораи марги мардуми осоишта ва вайрон шудани зербунёдҳои муҳими ғайринизомӣ гузориш мерасад.