Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" ба нақл аз ду манбаи огоҳ гузориш дод, ки як чархболи Apache-и артиши Амрико рӯзи 8 июн дар наздикии тангаи Ҳумруз сарнагун шудааст, аммо ду халабони он наҷот ёфтанд.
Тибқи ин гузориш, ҳанӯз маълум нест, ки ин чархбол бар асари шиллики нерӯҳои эронӣ сарнагун шуда, дучори нақзи фаннӣ шудааст ё бо мушкили дигаре рӯбарӯ будааст.
Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, ки то кунун натавонистааст ин гузоришро ба таври мустақил тасдиқ кунад.