Ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Диего-Гарсия дар Уқёнуси Ҳинд

Пойгоҳ ҳавоии Диего-Гарсия дар Уқёнуси Ҳинд.

Рӯзномаи Wall Street Journal ба нақл аз чанд манбаи расмии амрикоӣ гузориш додааст, ки Эрон ду мушаки баллистикӣ ба тарафи пойгоҳи Диего-Гарсия дар Уқёнуси Ҳинд, партоб кардааст.

Бар пояи ин гузориш, ҳеч яке аз ин мушакҳо ба пойгоҳи ҳавоии муштараки Амрико ва Британия барнахӯрдааст.

Ба гуфтаи манбаъ, яке дар тӯли роҳ, дар обҳо суқут карда ва як нови Амрико ҳам як мушаки раҳгири SM-3-ро ба сӯи дигарӣ партоб карда будааст, ҳарчанд маълум нест, ки амалиёти раҳгирӣ ва аз байн бурдан муваффақиятомез будааст ё не.

Ин рӯзномаи замони партоби мушакҳои эрониро эълон накардааст.

Хабаргузории эронии "Меҳр" ҳам партоби ду мушаки баллистикӣ ба сӯи пойгоҳи Диего-Гарсия дар Уқёнуси Ҳиндро тасдиқ кард.

Ин хабаргузорӣ навишт, ки "ҳадаф қарор додани ҷазираи низомии Диего-Гарсия, ки беш аз чаҳор ҳазор километр бо Эрон фосила дорад, нишон медиҳад, ки бурди мушакҳои Эрон фаротар аз он чизе аст, ки душман тасаввур мекунад".

Пойгоҳи Диего-Гарсия, аз ҷумла, мизбони бамафканҳои пинҳонкори B-2-и Амрико аст.

Масофаи ин пойгоҳ то Теҳрон бар рӯи хатти мустақим наздик ба 3800 километр ва то ҷанубтарин нуқтаи Эрон ҳудуди 3 ҳазор километр аст.

Кохи Сафед ва Сафорати Бритониё дар Вашингтон ҳанӯз дар бораи ин гузориш ибрози назар накардаанд.

Лондон рӯзи 20 март бе ишора ба ҷузъиёт, аз Эрон хоста буд, ки пойгоҳҳои низомии Британияро "мустақиман" ҳадаф қарор надиҳад.