Гузоришҳо аз ҳамла ба чанд киштии тиҷорӣ дар тангаи Ҳурмуз

Киштие дар тангаи Ҳурмуз. Акс аз бойгонӣ

Соате пас аз эълони Сипоҳи посдорон дар бораи сахтар шудани назорат бар тангаи Ҳурмуз, гузоришҳо аз тирпарронӣ ба сӯи чанд киштии тиҷорӣ расонаӣ шуд.

Се манбаи амнияти дарёӣ ва киштиронӣ эълон карданд, ки даст‌икам ду киштии тиҷоратӣ ҳангоми талош барои убур аз тангаи Ҳурмуз ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, бархе киштиҳои тиҷорӣ аз нерӯи дарёии Эрон паёми садоӣ гирифтаанд, ки дар он гуфта мешавад, гузаргоҳи Ҳурмуз дубора баста шуда ва ҳеч киштие ҳаққи убур аз ин оброҳаро надорад.

Коргарони як киштии тиҷорӣ дар шимолу шарқи дарёи Уммон гуфтаанд, ду қаиқи мусаллаҳи Сипоҳи посдорон ба онҳо наздик шуда ва ба сӯи киштӣ тир парронданд. Ин нафткаш ва коргаронаш солим ҳастанд.

Як манбаи амнияти дарёӣ низ гуфт, ки як киштии боркаш ҳам ҳадаф қарор гирифтааст. Идораи амнияти баҳрии Бритониё (UKMTO) мегӯяд, ин киштӣ "аз ҷониби як мушаки номаълум ҳадаф қарор гирифта, осеб дидааст".

Манобеи огоҳ ба Рейтерз гуфтанд, ин ҳаводис дар обҳои миёни ҷазираҳои Қиш ва Лорак рух додааст. Ин киштиҳо аз роҳашон бозгаштаанд.

Рӯзи 17-уми апрел Вазири корҳои хориҷии Эрон эълон кард, ки тангаи Ҳурмуз "пурра боз" мешавад. Аббос Ароқчӣ дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт: "Дар пайи эълони оташбас дар Лубнон, убуру мурури тамоми киштиҳои тиҷорӣ аз тариқи тангаи Ҳурмуз барои боқимондаи давраи оташбас ба таври комил озод эълон мешавад."

Сипас Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар паёме бо ибрози "ташаккур" гуфт, муҳосираи бандарҳои Эрон то замони ба даст омадани созиши Вашингтон ва Теҳрон барои поён бахшидан ба ҷанг идома хоҳад ёфт.

Вале баъд аз як рӯз Эрон аз тасмими худ барои боз кардани тангаи Ҳурмуз даст кашид. Сипоҳи посдорон шарт гузошт, ки то вақте Амрико муҳосираи дарёии Эронро қатъ ва равуои озоди киштиҳоро таъмин накунад, тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қаблӣ бармегардад ва сахт назорат мешавад.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ субҳи шанбеи 18-уми апрел дар вокуниш ба ҳарфҳои Доналд Трамп таҳдид кард, ки агар Иёлоти Муттаҳида ба муҳосираи дарёии бандарҳои Эрон идома диҳад, тангаи Ҳурмуз бори дигар баста хоҳад шуд.

Шароити гузаргоҳи Ҳурмуз ба яке аз мавзуъҳои калидии баҳс миёни Вашингтон ва Теҳрон табдил шудааст.

тангаи Ҳурмуз

Эрон дар охири моҳи феврал ва дар посух ба ҳамлаи Исроилу Амрико равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки иқтисоди ҷаҳонӣ аз ин гузаргоҳи борики обӣ вобастагии зиёд дорад, маҳдуд кард.

Ин оброҳа Халиҷи Форсро бо Халиҷи Умон ва бо Уқёнуси Ҳинд мепайвандад. Соҳили шимолӣ аз сӯи Эрон ва соҳили ҷанубӣ аз сӯи Умон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ назорат мешавад.

Нуқтаи бориктарини гузаргоҳ наздики 33 километр паҳнӣ дорад. Долонҳои киштигард аз ин ҳам бориктаранд: 2-3 километр дар ҳар кадом самт. Ҳар рӯз ба воситаи он то 20 миллион бушка ё 20 дарсад аз нафти ҷаҳон ва наздик ба 30 дарсад гази моеъ мегузарад.

Арабистони Саудӣ, Ироқ, Иморот ва Қатар аз содиркунандагони асосии нафту газ тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳастанд. Ин маҳсулот ба Чин, Ҳинд, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва кишварҳои аврупоӣ фиристода мешаванд.