Гузоришҳои нашршуда аз Эрон нишон медиҳанд, ки эътирози донишҷӯён дар чанд донишгоҳи Теҳрон ҳамчунон идома дорад.
Телеграм-канали "Донишҷӯёни муттаҳид" навори эътирози донишҷӯёнро нашр кардааст, ки дар он донишҷӯёни донишгоҳҳои Ал-Заҳро, Шариф, Хоҷа Насир, Донишгоҳи ҳунар, улум ва санъат ва Донишгоҳи Теҳрон ширкат доранд.
Наворҳои пахшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки донишҷӯёни ин донишгоҳҳо алайҳи ҳукумат ва роҳбари низом шиор медиҳанд.
Дар наворҳо дида мешавад, ки дар дасти баъзе эътирозгарон парчами шер ва хуршед дида мешавад, ки дар Ҷумҳурии исломӣ манъ аст.
Бар асоси гузоришҳо, миёни донишҷӯёни норозӣ ва нерӯҳои низомӣ занозанӣ ва муноқиша шудааст. "Телеграм"-каналҳои донишҷӯёни эронӣ гузориш доданд, ки дар ҷараёни даргирӣ бо неруҳои басиҷӣ чанд донишҷӯи Донишгоҳи Биҳиштӣ захмӣ шудаанд.
Ин телеграм-каналҳо гузориш доданд, ки баъди бархӯрди нерӯҳои амниятӣ, баъзе донишҷӯён аксҳои роҳбари Ҷумҳурии исломии Эронро оташ задаанд.