Гутерриш аз “Ҳамос” хост, ба раҳоии гаравгонҳо идома диҳад

Антонио Гутерриш

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” хостааст, ки ба раҳоии гаравгонҳо идома диҳад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

Антонио Гутерриш рӯзи сешанбе дар баёнияе гуфт, аз саргирии хусуматҳо, ки сабаби фоҷиаи бузург хоҳад шуд, бояд пешгирӣ шавад.

Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” рӯзи 10-уми феврал эълон кард, ки раванди раҳоии гаравгонҳоро бозмедорад.

Намояндагони ин гурӯҳ мақомоти Исроилро ба поймоли созиши оташбас дар Ғазза муттаҳам карданд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки агар ҳамаи гаравгонҳои исроилӣ то нимрӯзи шанбеи ҳафтаи оянда озод нашаванд, созиши оташбас бекор хоҳад шуд.

"Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлае ба Исроил беш аз 1200 касро кушт ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт. То ин дам теъдоде аз онҳо озод карда шудаанд.

Дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.

Ҷанги ду тараф понздаҳ моҳ давом кард.