Гуруснагӣ дар ҷабҳаҳои ҷанг. Гузориш аз вазъи бади сарбозони украинӣ

Баррасиҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳад, ки артиши Украина дар миёнаи ҷанги густурда бо Русия, бо бӯҳрони наве рӯбарӯ шудааст: "чанд рӯзи пай дар пай маҳрум мондани сарбозон аз об ва хӯрок".

Тибқи гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, низомиёни Украина моҳҳост барои тасарруф ва нигаҳдории шаҳри Купянск дар минтақаи Харков меҷанганд. Ин шаҳр, ки дарёи Оскил аз байни он мегузарад, дорои роҳи оҳани муҳиме аст, ки акнун ғайри қобили истифода аст.

Нерӯҳои бригадаи 14-и пиёдаи Украина ва дигар воҳидҳо, бо вуҷуди ҳамлаи ғофилгиронаи Русия дар тирамоҳи гузашта, ҳамчунон дар мавзеъҳои худ истодагарӣ мекунанд. Ҳарчанд ин истодагарӣ сафҳаи дурахшоне дар корномаи артиши Украина аст, аммо барои сарбозон баҳои сангине дар пай доштааст.

Ҳафтаи гузашта нашри аксҳои такондиҳандае аз сарбозони ниҳоят лоғар ва низ шикоятҳои хонаводаҳои онҳо, мавҷе аз хашму ғазабро дар шабакаҳои маҷозӣ барангехт. Ин хонаводаҳо набуди обу хӯрок, камбуди шароит ва мудирияти номуносибро, сабаби ин вазъ медонанд.

Олга, ҳамсари яке аз ин сарбозон ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки аъзои Бригадаи 14-ум рӯзҳо бе обу хӯрок ба ҳоли худ гузошта шудааанд. Ӯ ба паёми ҳамсараш ишора кард, ки навишта буд, "зиндаам, аммо аз гуруснагӣ аз байн меравам, 9 рӯз аст чизе нахӯрдаем".

Анастасия, ҳамсари сарбози дигаре бо шикоят аз вазъ гуфт, "магар бадан чӣ қадар тоб меоварад? Вақте об набошад, ибтидо меъда аз кор мемонад ва баъд хушкии зиёди бадан ва пойдарди сахт суроғашон меояд".

Ин гузоришҳо дар ҷомеае, ки пас аз чаҳор сол ҷанги давомдор, хаста ва дилсард шудааст, бозтоби густурдае дошт ва таваҷҷуҳи фармондеҳии олии артишро низ ҷалб кард, он ҳам дар замоне, ки артиш барои муқобила бо артиши бузургтари Русия, ба шиддат ниёзманди ҷалби нерӯҳои нав аст.

Дар пайи ин интиқодҳо, генерал Александр Сирский, рӯзи 24 апрел ҳукми барканории фармондеҳи Бригадаи 14-умро содир кард. Ситоди кулли артиш низ тасдиқ кард, ки фармондеҳони ин воҳиди низомӣ, воқеиятҳои майдони ҷанг, аз ҷумла, аз даст додани шуморе аз мавқеъҳо, ва нотавонӣ дар таъмини ниёзҳои аввалияи сарбозонро пинҳон карда буданд.

МУШКИЛОТИ КАДРӢ

Аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия дар феврали соли 2022, Украина бо такя ба ваҳдати миллӣ ва ҷангафзорҳои ғарбӣ ва навоварӣ дар ҷанги паҳбодӣ тавонистааст дар майдони набард тавозунро ҳифз кунад. Бо ин ҳол, камбуди нерӯи инсонӣ ҳамчунон як мушкили асосӣ барои ин кишвар ба шумор меравад.

Раванди ислоҳи қонунҳои сарбозӣ ва ҷалби нерӯ ду сол идома кард ва бо вуҷуди созиши ҳукумат ва порлумон, ин раванд ҳамчунон ба душворӣ рӯбарӯст. Фирор аз хидмат, фасод ва ришвахорӣ дар комиссариатҳои ҳарбӣ, корро барои фармондеҳон душвор кардааст.

Дар ҳоле, ки воҳидҳои варзида чун, Бригадаи 3-и таҳоҷумӣ тавонистаанд тавони худро ҳифз кунанд, воҳидҳои дигаре монанди Бригадаи 155 бо бӯҳрони фирори нерӯ ва барканории фармондеҳон рӯбарӯ шудаанд.

Дар ҷабҳаи Купянск, хонаводаҳо мегӯянд, бархе воҳидҳо то ҳафт моҳ бо камбуди нон ва маводи сӯхт рӯбарӯ будаанд.

Анастасия Силчук, ҳамсари яке дигар аз сарбозон, аз қавли ӯ дар паёме дар "Фейсбук" навишт, "бинобар гуруснагӣ ва ташнагии давомдор, беҳуш мешавем ва дигар тавони ҷисмӣ барои дифоъ аз сангарҳоямонро надорем".

"ФАРМОНДЕҲОН БОЯД АЗ ИН ОГОҲ МЕБУДАНД"

Мақомҳои низомии Украина ҳарчанд ин камбудҳоро пазируфтаанд, аммо бахше аз онро ба душвории интиқоли мавод тавассути дарёи Оскил рабт доданд, ки зери диди паҳбодҳои ҷониби Русия аст. Надия Замриҳа, сухангӯи Бригадаи 14, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло вазъ аз лиҳози таъминот мӯътадил шудааст, ҳарчанд он то ҳол мураккаб мебошад".

Дар муқобил, нозирони ҳуқуқи сарбозон дар артиши Украина, ба ин бовар ҳастанд, ки мушкил фаротар аз як воҳиди хос аст ва нотавонӣ дар тасмимгирии саривақтӣ барои ҷобаҷойии нерӯҳои хаста бозмегардад

Игор Романенко, аз масъулини пешини Ситоди кулл, таъкид кард, ки фармондеҳони баландпоя бояд аз сахтиҳои роҳҳои интиқоли мавод огоҳ мебуданд ва бо ҳузур дар майдон, вазъро идора мекарданд.

Анатолий Козел, сарҳанги бознишаста низ парда аз воқеиятҳои талхе бардошт ва ба Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз афсарон барои хушнудии зинаҳои боло, омор ва маълумоти нодуруст пешниҳод мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз мавқеъҳое, ки дар гузоришҳо "омода" эълон мешаванд, дар ҳақиқат нимтайёранд ва фармондеҳон аз тарс, ҳақиқатро гузориш намедиҳанд".

Ӯ афзуд, "агар ба шумо маълумоти нодуруст медиҳанд, роҳаш ин аст, ки худатон шахсан ба хати пеши ҷанг биравед ва ҳолатро бубинед".