"Гурӯҳи 24" пешниҳоди додситони вилояти Ивановоро дар бораи "ифротгаро ва мамнуъ" донистани ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар ҳудуди Русия "беасос, сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ" номид.
Андрей Жугин, додситони вилояти Иваново, дар як дархости расмӣ гуфтааст, "Гурӯҳи 24" пештар зидди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мебурд, "вале пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина ба зидди ҳукумати Русия кор мекунад." Русия ҷангро дар Украина амалиёти вижаи ҳарбӣ меномад.
Дилшод Шарифов, раиси "Гурӯҳи 24", рӯзи 15-уми апрел дар баёнияи расмӣ гуфт, "иттиҳомоти зикршуда ба воқеият мутобиқат накарда, бар пояи маълумоти нодуруст ва таҳрифшуда омода гардидаанд."
Вай афзуд, "Гурӯҳи 24" пас аз содир шудани қарори Додгоҳи Русия мавқеи худро "ба таври муфассал ва бо далелҳои иловагӣ шарҳ хоҳад дод".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Аз додгоҳи Русия хостаанд, "Гурӯҳи 24"-ро "мамнуъ" эълон кунадДар ду соли охир бори севум аст, ки мақомоти Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ё созмонҳои марбут ба онҳоро ба ҳамкорӣ бо Украина муттаҳам мекунанд.
Додгоҳе дар Русия соли 2025 Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро бо баҳонаи онки дар бораи артиши Русия "хабарҳои дурӯғ паҳн кардааст", дар ғайбаш ба зиндон маҳкум кард. Худи ӯ иттиҳомро бофтаву сохта донист.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Додгоҳи Маскав ҳукми Шарофиддин Гадоевро бетағйир гузошт"Гурӯҳи 24" соли 2012 дар Русия таъсис ёфта, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш ин қарорро намепазиранд.
То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шудаанд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.
Додгоҳи олии Русия дар соли 2022 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро як созмони террористӣ эълон ва фаъолияти онро дар қаламраваш манъ карда буд.