Як созмони мухолифи ҳукумат дар рӯзи таҷлил аз парчами миллии Тоҷикистон гуфтааст, "он рамзи миллат аст, на рамзи як шахс."
Ишораи "Гурӯҳи 24" ба шахси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҷонибдоронаш таърихи беш аз сисолаи соҳибихтиёрии Тоҷикистонро ба номи ӯ пайванд медиҳанд.
"Парчами давлатӣ рамзи тамоми Тоҷикистон ва шаҳрвандони он аст. Он ба як шахс, як ҳизб ё як давраи сиёсӣ тааллуқ надорад," –гуфта шудааст дар баёнияи ин созмони мухолиф.
"Гурӯҳи 24", ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, парчами миллиро натиҷаи заҳмати донишмандон ва рассомону ҳунаршиносону намояндагони мардум донистааст.
"Дар ин таърих номи академик Муҳаммад Осимӣ, рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ва муаллиф Маҳмадулло Сайдалиев ҷойгоҳи муҳим доранд. Ҳамчунин, саҳми дигар иштирокдорон набояд фаромӯш шавад," -- гуфта шудааст дар баёния.
Ин созмони мухолиф дар идома гуфтааст, "эҳтиром ба парчам маънои онро надорад, ки шаҳрвандон бояд фаъолияти ҳар як ҳукумат ё роҳбари сиёсиро бечунучаро ҷонибдорӣ кунанд. Ҳамзамон муносибати интиқодӣ ба сиёсати ҳукумат набояд бо беэҳтиромӣ ба рамзҳои миллӣ омехта гардад. "
Рӯзи парчами миллии Тоҷикистон аз 24-уми ноябри соли 2009 таҷлил мешавад, вале худи парчамро ба унвони як рамзи муҳими давлат соли 1992 тасдиқ кардаанд.
Парчами миллии Тоҷикистон аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст ва дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Душанбе соли 2011 сутун ё пояи 165-метрии парчами миллиро барафрохт ва ҳамон сол номи Тоҷикистонро дар китоби рекордҳои Гиннес сабт кард, вале соли 2014 Арабистони Саудӣ бо милаи баландтарини парчамаш пеш гузашт.
Бо ин вуҷуд, ҳоло дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон милаи парчам гузошта шуда, дар баробари идораву коргоҳҳои давлатӣ сокинон ҳам ҳақ доранд, парчамро дар дохилу беруни хонаи худ биовезанд.
"Гурӯҳи 24"-ро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов соли 2012 дар Русия бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2014 "Гурӯҳи 24"-ро созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон кард. Пайравонаш ин қарорро намепазиранд. То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шудаанд.