Гумонзад ба қатли 4 узви як хонавода ҳабси абад гирифт

Мақомот пештар гуфта буданд, ки Сафаралӣ Валӣ бо ҳамсараш Зуҳро Қурбонова ҷанҷол дошт ва эҳтимол сабаби ҳодиса ҳамин бошад

Сафаралӣ Валӣ, сокини 32-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, бо гуноҳи қатли чаҳор узви як хонадон ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 24-уми июн эълон, вале хабараш якуми июл дастрас шуд.

Мавқеи Сафаралӣ Валӣ ва наздиконаш ба ҳукм дастрас нест. Маълум нест, ки ӯ бо вакили мудофеъ таъмин будааст ё не.

Сафаралӣ Валӣ ба он гунаҳкор шудааст, ки ҳамсараш Зуҳро Қурбонова, хоҳари ҳамсараш Таҳминаи Шомаҳмад ва тифли батни ӯ ва як кӯдаки дигари хонадон Абубакр Қурбоновро бо зарби корд ба қатл расондааст.

Ҳодиса шаби 2-юми апрели имсол рух дода буд.

Зуҳро Қурбонова 28-сола, Таҳминаи Шоҳмаҳмад 20-сола ва Абубакр Қурбонов 6-сола буда, дар бемористони Кӯлоб ҷон додаанд. Мақомот тифли ҳаштмоҳаи батни Таҳминаи Шоҳмаҳмадро "як инсони комил" ҳисоб карданд.

Сафаралӣ Валӣ дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Душанбе дар нуқтаи фурӯши орд боркаш будааст. Пештар мақомот гуфта буданд, ки ӯ бо ҳамсараш Зуҳро Қурбонова ҷанҷол дошт ва эҳтимол сабаби ҳодиса ҳамин бошад.

Дар соли ҷорӣ дар Кӯлоб чанд куштори пурсарусадо сабт шудааст.

Қурбоналӣ Маҳмудов, сокини Кӯлоб, моҳи феврал дар ҷанҷоле аз ҷониби ҳамсояаш кушта шуд. Ӯ бародари Маҳмудҷон Маҳмудов, раиси ширкати “Кӯлоб Таксӣ” буд.

Шаби 11-уми январ дар занозании миёни ҷавонон, Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, варзишгари 19-сола ҷон бохт. Дар қатли ӯ ҳамсолаш Сулаймон Одинаевро гунаҳкор ва ба 13 сол зиндон маҳкум кардаанд.