Гулбаҳор Мақсуд: "Занону духтарони тоҷик бояд донанд, ки танҳо нестанд"

Гулбаҳор Мақсуд, бунёдгузори "Гулрухсор", созмони ҳомии ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон

Як таҳқиқи нав нишон додааст, ки бештар аз ҳама занону духтароне дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон озору азияти лафзӣ мебинанд, ки барои ҳаққи занон садо баланд мекунанд. Таҳқиқро "Гулрухсор", як созмони ҳомии ҳуқуқи занон бо ҳимояти Маркази байнулмилалии таҳқиқоти гендерӣ анҷом додааст.

Гулбаҳор Мақсуд, муассиси маркази занони "Гулрухсор" дар Тоҷикистон, мегӯяд, азияту озор ва ҳамлаҳои лафзӣ ба занону духтарон дар шакли нашру ирсоли паёмҳо, аксҳо ва навиштаҳои таҳқиромез сурат мегирад. Дар асл он идомаи ҳамон хушунату бадрафториест, ки дар ҳаёти ҳаррӯза зиёд ба чашм мехӯрад.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, дар Тоҷикистон бо 60 зан суҳбат карда, 182 ҳамлаи хаттии маҷозӣ таҳқиқ гардид ва чор ҳазор шарҳ омӯхта шуд. Радиои Озодӣ дар як тамоси видеоӣ аз Гулбаҳор Мақсуд хост, натиҷаҳои муҳимтарини таҳқиқотро бигӯяд, ки одатан киҳо ё кадом гурӯҳ озордиҳанда ва ё таҳқиркунанда ҳастанд?

Гулбаҳор Мақсуд: "Кӣ бештар чунин зӯровариро содир мекунад: худиҳо ё наздикон? Таҳқиқот нишон дод, ки 54 дарсади мавридҳо аз тарафи наздикон шудааст. Инҳо – шавҳар, ҳамсари собиқ, ҳамсояҳо, ҳамсинфон, дӯстон ва хешовандон. Танҳо 27 дарсад бегонаҳо мебошанд. Яъне, зан зиёдтар аз ҷониби онҳое зарар мебинад, ки онҳоро мешиносад ва ба онҳо боварӣ дорад"

Радиои Озодӣ: Кадом гурӯҳи занон дар баробари ҳамлаҳо бештар осебпазир мебошанд?

Гулбаҳор Мақсуд: "Занони фаъол дар ҷомеа, занони фаъол дар оила, дар тиҷорат, хусусан занони рӯзноманигор, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, блогерҳо ва заноне, ки дар ҷомеа садои равшан доранд. Хусусан, вақте ки онҳо дар бораи ҳуқуқи занон, баробарӣ, зӯроварӣ ва нақши зан дар ҷомеа менависанд, чунин мавзуъҳо қариб ҳамеша як баҳси шадидро ба миён меорад ва пас аз он ҳамлаҳои гурӯҳӣ сар мешавад. Мо ҳолатҳои мушаххасро дидем: як акси зан ё як ҷумла, ки ба тасаввуроти як зани суннатии тоҷик мувофиқат намекунад, метавонад садҳо шарҳи таҳқиромез ва ҳамлаҳои гурӯҳиро ба вуҷуд орад. Аксаран ин ҳамлаҳо ба сари фаъолон ва рӯзноманигорони зан мерезанд. Чаро маҳз ин занҳо нишон гирифта мешаванд? Фикри ман ин аст, ки онҳо тасаввури суннатии "зан бояд хомӯш бошад"-ро мешикананд. Ҳар вақте як зан дар бораи ҳаққи худ, баробарӣ, симои зан ё зӯроварӣ сухан мегӯяд, ин дар чашми баъзеҳо хатарнок менамояд. Ва технологияҳо ба ин одамон имкон медиҳад, ки фишору таҳдидро ба шакли рақамӣ беҷазо идома диҳанд."

Радиои Озодӣ: Оё дар пайи ин таҳқиқот таассуроте ҳосил намешавад, ки фанновариҳои нав ё шабакаҳои иҷтимоӣ гуё хатарзо ва нозарур ҳастанд ва аз онҳо бояд даст кашид?

Гулбаҳор Мақсуд: "Технология сабаби зӯроварӣ нест. Он зӯроварии куҳнаро тақвият медиҳад. TFGBV* – мушкили фарҳангӣ ва оилавӣ мебошад. Барои ҳалли он мо бояд ҳам қонун ва ҳам саводи рақамӣ ва ҳам муносибати ҷомеаро тағйир диҳем. Занҳо бояд донанд: онҳо танҳо нестанд. Ҳуқуқи онҳо ҳам онлайн, ҳам офлайн муҳим аст ва мо бояд онро ҳимоя кунем. Дар ҳама ҷо."

Навори суҳбат дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Азияту таҳқири занони тоҷик дар Интернет зиёд шудааст

*TFGBV -- Чунин навъи хушунат, ки падидаи нав буда, дар англисӣ бо истилоҳи Technology facilitated gender-based violence ифода шудааст, то ҳол пураву ҳамаҷониба омӯхта нашудааст