Гуфтушуниди фиристодаҳои Амрико бо Путин дар Маскав

Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, фиристодагони Амрико, бо президенти Русия Владимир Путин

Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, фиристодагони Амрико, рӯзи 12-уми ноябр мулоқот бо президенти Русия Владимир Путинро дар Маскав оғоз карданд.

Ин гуфтушунид дар пасманзари идомаи ҳамлаҳои Русия ба Украина, ки боис ба кушта шудани сокинони осоишта ва осеб дидани зербунёдҳои энергетикӣ шудааст, ҷараён дорад.

Аз ин пеш, рӯзҳои 10-11-уми ноябр, гуфтушуниди сеҷониба бо ҳадафи поён бахшидан ба таҷовузи Русия ба хоки Украина дар Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб гузашт.

Мақомоти амрикоӣ ин гуфтушунидро сангин, аммо судманд хонданд. Бо ин ҳол, дидгоҳҳои Маскаву Киев ҳамчунон фосилаи зиёд доранд ва Кремл дар мавриди шартҳои сахти худ ҳеч гуна нармише нишон надодааст.

Маскав тайи солҳои охир пофишорӣ дорад, ки тибқи ҳар гуна тавофуқи сулҳ, тамоми ҳудуди вилояти стратегии Донетск дар шарқи Украина, ки артиши Русия тасарруф карда натавонистааст, зери назорати пурраи он қарор гирад.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина мегӯяд, Киев умедвор аст, ки имсол барои ҳалли низоъ натиҷаҳои мушаххас ба даст меоянд. Ин дар ҳолест, ки Украина ба панҷумин зимистони ҷанг ворид мешавад ва ҳазорон нафар бар асари ҳамлаҳои Русия пайваста бе барқу гармӣ мемонанд.

Аммо президенти Украина афзуд, пешрафти бештари музокирот аз он вобаста аст, ки Иёлоти Муттаҳида бо Маскав чӣ гуна муносибат мекунад. “Мо ин ҳамлаҳои густардаро паси сар мекунем. Албатта, мо мехоҳем то охири ҳамин сол ба натиҷа бирасем ва барои амалӣ шудани ин кор ҳама талошро хоҳем кард,” – гуфт ӯ.

Ҳукумати Украина борҳо таъкид кардааст, ки афзоиши фишор ба Кремл ва мошини ҷангии он метавонад тавозуни қувваҳоро дар майдони ҷанг тағйир диҳад ва Русияро ба гуфтушуниди босамар барои хатми низоъ маҷбур кунад.