"Гуфтанд дар сари суд молатонро мегиред, аммо ҳеч чиз нашуд"

Сокиноне, ки талош доранд молу гови худро баргардонанд

Як гуруҳ аз сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯянд, мақомот баъди боздошти чӯпони деҳа чорвои ҳамаи онҳоро мусодира кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин чорво моли чӯпоне буд, ки даст ба ҷиноят задааст ва барои ҳамин мусодира шудааст.

Чанд сокини деҳаи Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ ба гуфтаи худашон се сол боз наметавонанд молу гови худро аз дасти мақомот бозпас гиранд.

Баҳс бар сари ин чарогоҳ ва мусодираи молу гови мардум соли 2023, баъди боздошти Исо Холмадов бо гумони қочоқ маводи мухаддир рух дод. Ӯ дар ҳамин ҷо бо парвариши чорво машғул будааст. Дар баробари чорвои худ молу гови сокинони минтақаро низ нигоҳ медошт. Ҳамаро додгоҳ мусодира кард ва дар ихтиёри Агентии таъминоти амволи махсус гузошт.

Бародарони Исо Холматов мегӯянд, ки то кунун сабаби ҳабс шудани молу гови худро намедонанд.

Мусо Холмадов, бародари Исо Холмадов ба Радиои Озодӣ гуфт, "ман барои худам хоҷагии деҳқонӣ доштам. Мақомот омада, чизҳои мудири Исо гуфта гирифтанд, лекин ин чизҳои Исо набуд. Гуфтанд, ки дар сари суд мегирӣ, аммо то ҳол ҳичӣ нашуд."

Хонаводаи Холмадовҳо мехоҳанд, ки молу гови онҳо баргардонида шавад.

Ҷумахон Холмадов, бародари дигари Исо Холмадов мегӯяд, “молу санге, ки ба мо тааллуқ дошт, омада дар ҳаминҷо гирифтанд. Ҳарчанд, ки мо фаҳмондем, ки ин ба ягон Холмадов Исо тааллуқ надорад”.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Чӯпон ба ҷиноят роҳ дод, чорвои ҳамаи моро мусодира карданд!"

Додгоҳи шаҳри Душанбе соли 2023 Холмадов Исоро 15 сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар поёни ҳукм гуфта мешавад, ки даъвогарон ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кунанд. Хонаводаш гуфт, Исо Холмадов дар охирсуханаш хост, ки молу гови сокинон ба соҳибонаш дода шавад.

Ҳабибулло Шерхонов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, ба Сабзалӣ Назирзода, директори Агентии амволи махсус муроҷиат карданд ва "ӯ ба мо ваъда кард, ки албата омада баъди ду рӯз ин масъалаҳоро ҳал мекунем. Баъди ваъдаи кардаи Назирзода Сабзалӣ алакай се сол гузашт".

Аммо дар посухи Агентии амволи махсус, ки бо имзои Назирзода Сабзалӣ ба Радиои Озодӣ фиристода шудааст, чунин ишорае нашудааст.

Дар посухи Агентӣ омадааст, молу мулки Исо Холмадов бо қарори додгоҳ мусодира ва "ба ихтиёри Агентӣ гузаронида шудааст". Директори Агентӣ навиштааст, ба кӣ тааллуқ доштани молу мулки мусодирашуда кори тафтишот ва додгоҳ аст ва онҳо дар ин бора маълумоти бештар надоранд.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфт, даъвои ин гуруҳи шаҳрвандон соли 2024 аз сӯи Додгоҳи ҳарбии Хатлон "бинобар асоси ҳуқуқӣ надоштанаш" қабул нашуд.

Агентии таъминоти амволи махсус ниҳоде мебошад, ки вазифааш таъмини сарбозон бо либос ва хӯрока аст.

Аммо шикояткунандагон, ки шумораашон ба 46 нафар мерасад, барои гирифтани моли гови худ ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карданд. Онҳо мехоҳанд, ки молу говашон барояшон баргардонида шавад. Ин афрод мегӯянд, ки ба қонун бовар доранд ва адолат пирӯз хоҳад гашт. Аммо то ҳоло касе ба доди онҳо нарасидааст.