Ғарқ шудани ду ҷавон дар Зафаробод

Ба иттилои КҲФ, наҷотдиҳандагон се нафарро аз дохили дарёи Вахш берун овардаанд

Дар се рӯзи ахир ду наврас дар Тоҷикистон ғарқ шуда, се каси дигарро наҷот додаанд.

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзҳои 12 ва 13-уми июн, ду навраси 16-сола дар канал ё наҳри "Мирҷӯи-1"-и ноҳияи Зафаробод ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд. Мақомот мегӯянд, ҷасади онҳоро аз об бароварда, ба наздикошон додаанд.

Манбаъ мегӯяд, рӯзи 13-уми июн се нафарро, ки дар миёни об дармонда буданд, аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Дар хабарномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омадааст, ин се нафар, ки 36 ва 37-сола будаанд, ҳангоми истироҳат дар соҳили дарёи Вахш "дар муҳосираи об" мондаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо нашри ин ду хабар аз сокинон даъват кардааст, ки қоидаҳои оббозиро риоя карда, дар ҷойҳои манъшуда шиноварӣ накунанд.

Ҳамасола дар рӯзҳои гарм ва ҳангоми оббозӣ дар соҳили кӯл ё дарёҳо сокинон ҷони худро аз даст медиҳанд.