Ҷек Кин, муовини пешини раиси Ситоди артиши Амрико, гуфт, амалиёти Иёлоти Муттаҳида ва Исроил дар Эрон, ки 28-уми феврал оғоз шуд, "талоше ҳисобшуда барои аз байн бурдани сохтори сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Исломӣ аст". Ин генерали бознишаста дар мусоҳиба бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, марҳалаи нахустини амалиёт "фаротар аз интизориҳо пеш рафт", аммо то пурра зудудани Ҷумҳурии Исломӣ ва сохторҳои пуштибони он, аз ҷумла Сипоҳи посдорон, "аз ду то се ҳафта идома хоҳад дошт".
Радиои Аврупои Озод Радиои Озод: Дар бораи рӯзи аввали ҳамла, аз ҷумла кушта шудани Алии Хоманаӣ чӣ назар доред?
Ҷек Кин: "Ба назари ман, ин рӯзи таърихӣ ва бисёр боаҳамият аст, зеро раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу тасмим гирифтаанд, иҷоза надиҳанд, ки режими Эрон ба бесубот кардани Ховари Миёна, ҷангҳои ниёбатӣ, тавсеаи барномаи мушакҳои баллистикӣ ва барномаи ҳастаии худ идома диҳад. Онҳо тасмим гирифтаанд режими Эронро дар масире қарор диҳанд, ки бо фурӯпошии он ва дар ниҳоят бозгашт ба навъе ҳукумати демократӣ бианҷомад. Ин тасмим гирифта шудааст ва дар амалиёти низомие, ки дар ҳоли иҷро аст, бозтоб ёфтааст. Бинобар ин, нахуст, мо тавоноии Эронро барои таҳмили иродааш дар минтақа бозмедорем ва дувум, шароите фароҳам мекунем, ки режим фурӯ бипошад ва дар ниҳоят мардуми Эрон кишварашонро бозпас бигиранд."
Радиои Аврупои Озод Радиои Озод: Арзёбии шумо аз ин амалиёти низомӣ чист? Чӣ иттифоқе дар идома хоҳад уфтод?
Ҷек Кин: "Дар гуфтугӯ бо фармондеҳони низомии Амрико ва Исроил, ки тамоми рӯз бо онҳо дар тамос будам, амалиёт дар чанд ҳавза фаротар аз интизор пеш рафтааст. Нахуст, дар ҷиҳати таҳоҷумӣ. Кушта шудани 40 нафар аз раҳбарон, аз ҷумла Алии Хоманаӣ, ҳамон чизе буд, ки интизор доштем, аммо ҳаргиз чунин сатҳе аз комёбиро пешбинӣ намекардем. Сохтори низомии Эрон ба таври маъмул шабҳо дар омодабош аст, зеро тасаввур мекунад Исроил ва Амрико шабона ҳамла хоҳанд кард. Амалиёт дар асл барои охири шаб барномарезӣ шуда буд, аммо ба далели фурсати ба вуҷудомада барои ҳадаф қарор додани ин раҳбарон, тағйир ёфт ва бисёр муваффақиятомез ҳам буд. Дувум ин ки мо дар вайрон кардани партобгари мушакҳои баллистикии Эрон, сомонаҳо, мушакҳо ва анборҳои паҳпод ва ҳамчунин дар подофанд комёбии қобили таваҷҷӯҳе доштаем. Ин амалиёт метавонад дар сурати лозим аз ду то се ҳафта идома ёбад. Бисёр бастагӣ дорад, ки оё режим побарҷо мемонад ё ба фурӯпошӣ шуруъ мекунад. Агар таслим шавад ва ба вогузории қудрат омода шавад, эҳтимол созише бо он сурат хоҳад гирифт. Вагарна амалиёт идома меёбад."
Радиои Аврупои Озод Радиои Озод: Чӣ чолишҳоеро пеши рӯ мебинед?
Ҷек Кин: "Ду чолиш вуҷуд дорад. Нахуст, чолиши дифоӣ дар ҳифозат аз пойгоҳҳои Амрико дар минтақа, ки дар наздикии Эрон ва ба вижа дар бурди паҳподҳои онҳо қарор доранд. Эрон дар тавлиди паҳпод моҳир аст. Паҳподҳои "Шоҳид", ки дар бораашон мешунавед ва Русия истифода мекунад, паҳподҳои эронӣ ҳастанд. Паҳподҳое, ки ҳар шаб панҷ, шаш ё сад бор мардуми Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд. Мо онҳоро "паҳподҳои қотил" меномем. Ин чолиш аст, аммо то кунун амалкардамон хуб будааст. Исроилиҳо низ нигарони тавони Эрон барои ҳамла бо мушакҳои баллистикӣ ҳастанд. Чолиши дувум, замон аст. Мо барномае санҷида ва марҳала ба марҳала барои барчидани комили раҳбарии сиёсӣ ва сохторҳои пуштибони он дорем: Маҷлис, ниҳодҳои гуногун, Шӯрои олии амнияти миллӣ ва дар бахши низомӣ ва амниятӣ, барчидани комили Сипоҳ, на фақат раҳбарон, балки кулли зерсохт ва фанноварии пуштибони он. Ҳамчунин Басиҷ, нерӯҳои интизомӣ ва саноати дифоӣ. Ин барномае бисёр комил барои аз миён бардоштани ҳамаи абзорҳои бақои режим аст. Ин чолишбарангез аст, аммо мо пурра ба он пойбандем. Сарвазири Исроил Нетаняҳу ва раисҷумҳури Амрико Трамп ин барномаро тасдиқ кардаанд ва мо ҳам дар марҳилаҳои аввали иҷрои он ҳастем."
Радиои Аврупои Озод Радиои Озод: Оё ин маъмурият бе ҳузури нерӯҳои заминӣ қобили анҷом аст?
Ҷек Кин: "Бале. Мардум дар бораи нерӯҳои заминӣ беш аз ҳад бузургнамоӣ мекунанд. Далелаш ҳам ин аст, ки фардо норӯшан аст. Мо барои дигар кардани режим дар гузашта нерӯ эъзом кардаем, дар Панама (1989), Ҳаити (1994), Афғонистон (2001) ва Ироқ (2003). Аммо дар ҳар чаҳор маврид, ба истиснои Ҳаити, ки дар он ҷо Жан-Бертран Аристидро ба қудрат баргардонидем, ба чолиш дучор шудем. Дар се маврид мо ҳанӯз даргири ин масъала ҳастем, ки давлати нав аз чӣ касоне иборат аст? Қарор аст, чӣ қадар муассир бошад, чӣ навъ ёрие аз сӯи мо ниёз дорад? Режими барканоршуда дар вокуниш ба ин дигаргунӣ чӣ хоҳад кард? Оё ба ҳамла ба мо идома хоҳад дод? Ҳузури нерӯҳои заминӣ ҳама чизро осон намекунад…
Намехоҳем кишварро ишғол кунем, мехоҳем, мардуми Эрон кишвари худро идора кунанд. Маъмулан режимҳои иқтидоргаро ба як режими иқтидоргарои дигар вогузор мешаванд, шояд камтар идеологӣ ва миллигаротар, ки фикр мекунам дар ин ҷо иттифоқ хоҳад уфтод. Аммо ин чизест, ки мо метавонем бо он кор кунем ва ба иродаи худ онро шакл диҳем ва дар марҳалаи баъд метавон онро ба самти интихобот ва демократия роҳнамоӣ кард; фароянде, ки замон мехоҳад. Ин раванд ба суръат анҷом намешавад, чунон ки дар Венесуэла ҳам бетаъхир анҷом намешавад, агарчӣ мавриди Венесуэла фарқ мекунад, аммо аз ҷиҳати мисол мавриди муносибе аст.
Бинобар ин, вуҷуди чолишҳоро инкор намекунам. Сипас давраи гузор оғоз хоҳад шуд, ки худаш ҳам вақт мехоҳад. Аммо ба ин фикр кунед, ки куҷо будем ва ба куҷо дорем меравем ва ин ҳама чӣ қадар барои мардуми Эрон фавқулода аст. Ҳеч қасде барои осеб расондан ба мардуми Эрон аз сӯи нерӯҳои исроилӣ ё амрикоӣ вуҷуд надорад, аммо инсонҳо дар ҷанг дучори хато мешаванд. Бинобар ин, мардум бояд паноҳ бигиранд ва дар ҳамин ҳолат бимонанд. Вақте амалиёт ба поён расид, метавонанд аз ҷо бархезанд. Чӣ лаҳзаи бошукӯҳе хоҳад буд вақте ҷаҳон шоҳиди он бошад, ки мардуми Эрон бо пуштибонии Амрико ва Исроил бармехезанд. Ва набояд ончиро мардуми Эрон анҷом додаанд, фаромӯш кард. Бо вуҷуди онки ба дасти режим захмӣ ва кушта мешуданд, садҳо ҳазор нафар ба хиёбонҳо омаданд. Ин мардум аз худ далерӣ нишон доданд. Озодӣ барои Эрон ҳамон чизе аст, ки мо мехоҳем ва дар ин масир қадам бардоштаем."