"Фишор ба блогерон дар Узбекистон бештар шудааст"

Uzbekistan

Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” гузориши нави худро дар бораи вазъи блогерон ва фаъолони маданӣ дар Узбекистон дар 3,5 соли охир нашр кард.

Дар гузориш омадааст, дар ин муддат 110 корбари шабакаҳои иҷтимоӣ барои изҳори назар дар бораи ҳаводиси Узбекистон, аз ҷумла тағйири Конститутсия ва маъракаҳои пешазинтихоботӣ мавриди таъқиби сиёсӣ қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, дар Узбекистон бештар аз ҳама ба фаъолияти мухолифони қарақалпоқ ва танқиди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар сахт вокуниш карда мешавад. Ҳамчунин ба блогерони узбекистонӣ, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, тавассути наздиконашон фишор меоранд.

Дар гузориш ба унвони намуна саргузашти блогер аз вилояти Қашқадарёи Узбекистон Умед Миралиев зикр шудааст, ки гуфта мешавад бо дастури мақомоти маҳаллӣ ҳамроҳи бародари хурдияш шадидан латукӯб шудаанд.

Ба гуфтаи Миралиев, мақомоти Қашқадарё ӯро, ки барои ёрӣ ба мардум мушкилиҳои иҷтимоиро бозтоб медод, бо айби сохта ба додгоҳ кашиданд ва дар натиҷа ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд. Баъд аз раҳоияш аз ҳабси хонагӣ аз сӯи афроди ношинос шадидан латукӯб шуд ва шахсияти ҳамлагаронро то ҳол муайян накардаанд.