Нахустин фармондеҳи пулиси зан дар Афғонистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазири умури дохилии Афғонистон рӯзи сешанбе барои нахустин бор дар таърихи ин кишвар, тайи фармоне як афсари занро ба фармондеҳии пулиси минтақаи яки Кобул таъйин кард. Хонум Ҷамила Баёз, ки дорои дараҷаи сарҳанг ё полковник аст, фармондеҳи пулиси минтақае аз Кобул шудааст, ки бахши тиҷорӣ ва маҳали истиқрори идораҳои муҳими ҳукуматӣ аст.