Фиристодаи вижаи Трамп гуфт, “ӯ мехоҳад ба Узбекистон равад”

Доналд Трамп (рост), раисҷумҳури Амрико бо ҳамтои узбекистонияш Шавкат Мирзиёев (чап)

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, барои дидани Узбекистон майл нишон додааст, аммо замони сафари ӯ ҳанӯз маълум нест.

Дар ин бора Паоло Замполли, фиристодаи вижаи Трамп дар масоили шарикии ҷаҳонӣ, дар суҳбат бо телевизиони давлатии "Узбекистон 24" дар шаҳри Тошканд хабар дод.

Ӯ аз ҷумла гуфт: "Президент барномаи зиёди корӣ дорад, вале ӯ ба ман дар бораи нияти сафар ба Узбекистон гуфта буд. Ман ҳам ҳамеша ин мавзуъро матраҳ мекунам. Як рӯз ҳатман ба Узбекистон меояд. Умедворам, ки ин сафар ҳарчи зудтар анҷом мешавад."

Ин хабар дар остонаи сафари ҳайати бузурги тиҷоратии Амрико ба Узбекистон ва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар шаҳри Самарқанд нашр шудааст.

Қарор аст, нишаст моҳи октябр барпо шавад ва ба қавли Серҷио Гор, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, мақсади он тақвияти мавқеи тиҷоратии Вашингтон дар Осиёи Марказӣ аст.

Паоло Замполли дар мусоҳибааш таъкид кардааст, ки муносибатҳои президенти Амрико Доналд Трамп бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон бисёр хуб аст. Мирзиёев борҳо Трампро барои боздид аз Узбекистон даъват кардааст.

Маъмурияти Кохи Сафед солҳои охир ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар карда, аз ҷумла дастрасӣ ба маъданҳои табиии ин кишварҳоро муҳим донистааст.