Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар соли 2025 чӣ кор карданд? Суоле, ки намояндагони аҳзоби сиёсӣ бе посух гузоштанд. Аз миёни онҳо танҳо як нафар ҳозир шуд бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад.
Алишер Идизода, муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт: "Соли 2025 барои ҲДТ соли бобарор ва бо комёбиву дастовардҳои намоён буд. Дар ин сол Ҳизби демократ дар интихоботи порлумонӣ иштирок кард, дар интихоботи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуд."
Ҳизби демократ, ки раиси собиқаш зиндонӣ шуд, дар порлумон соҳиби як курсӣ аст.
Рӯзи 26-уми декабр дари дафтари Ҳизби аграрии Тоҷикистон баста буд. Дар дафтари Ҳизби коммунист ду кормандаш ҳузур доштанд, вале аз суҳбат худдорӣ карданд. Раҳбарону намояндагони ин ду ҳизб ва дигар ҳизбҳои сиёсӣ бо вуҷуди дархостҳои батакрори мо ҳозир нашуданд дар бораи натиҷаи корашон суҳбат кунанд.
Сокинони одӣ ҳам аз кори ҳизбҳои сиёсӣ маълумоти зиёде надоранд. Бархе ҳатто номи ҳизбҳо ва раҳбарони онҳоро намедонанд.
Навор дар Инстаграм:
Назари чанде аз онҳо дар кӯчаҳои Душанбе:
- "Дар бораи ҳизбҳо фаҳмидагӣ ҳастем, лекин маълумоти пурра надорем. Хабар дорем, ки ҳизбҳои сиёсӣ ҳастанд, лекин ягон пешравияшон маълум нест."
- "Онҳо фаъол нестанд, вале беҳтар мебуд, ки дар Тоҷикистон дар ҳама кор фаъол мебуданд. Фаъол будан аз ҳама муҳим аст."
- "Ҳеч кор накардаанд. Чӣ кор карда бошанд? Ягон кор накарданд."
Инҳо ҳизбҳои "кисагӣ" ҳастанд... Мутаассифона, бе нақшаи ҳукумат, бе иҷозати ҳукумат чизе гуфта наметавонанд.Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон ҳизби ҳоким аст ва ҳамеша дар интихоботҳои порлумонӣ аксар курсиҳоро соҳиб мешавад. Ҳарчанд мақомот натиҷаи чунин маъракаҳои сиёсиро шаффофу одилона медонанд, созмону кишварҳои ғарбӣ ҳамвора барои ғайриозоду ноодилона буданашон танқид мекунанд.
Баъзе аз мунтақидон бар инанд, ки дигар аҳзоби сиёсӣ пойбанди ҲХДТ буда, фаъолияти муассире надоранд ва бинобар ин мардум низ аз корашон бехабар аст.
Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, фаъоли мадании тоҷик дар Аврупо, гуфт, "албатта, инҳо ҳизбҳои "кисагӣ" ҳастанд ва аз тарафи ҳукумат таъйин карда мешаванд. Мутаассифона, бе нақшаи ҳукумат, бе иҷозати ҳукумат чизе гуфта наметавонанд."
Намояндагони баъзе ҳизбҳо худро "оппозитсияи созанда" медонанд, аммо мухолифин мегӯянд, ҳеч яке ин ҳизбҳо оппозитсияи воқеӣ набуда, вакилонашон дар порлумон аз қарору қонунҳои пешниҳодии ҳукумат бе ягон баҳсе эрод пуштибонӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон то соли 2015 ҳашт ҳизби сиёсӣ номнавис шуда буд. Пас аз манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ шумораи онҳо ба ҳафт расид. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон то чанд сол пеш яке аз ҳизбҳои мустақилу мухолифи ҳукумат дар дохили ҷумҳурӣ ба шумор мерафт, аммо бо истеъфои раҳбари пешинаш Раҳматилло Зойиров дар соли 2021 дигар аз худ дараке надод.
То ин дам кӯшиши сабтиноми ҳизбҳои "Тоҷикистони нав", "Ваҳдат" ва "Тараққиёти Тоҷикистон" ноком буд.
Навор дар Фейсбук: