Як созмони байнулмилалӣ гуфтааст, фазо барои фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир ба таври чашмрас танг шуда, ин ҷомеаи як замон фаъол акнун танҳо барои наҷоти худ дасту панҷа мезанад.
Гузориши Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи Инсон (International Partnership for Human Rights) моҳи сентябри имсол нашр шуд.
Дар ин гузориши 37-саҳифаӣ таъкид шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон тайи солҳои гузашта кори ҷомеаи шаҳрвандии мустақилро маҳдуд карда, ҳар гуна падидаи дигарандеширо саркӯб намудаанд.
Вокуниши мақомоти Тоҷикистон дастрас нест.
Ба гуфтаи муаллифон, гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон бо фишорҳои рӯзафзун дучор буда, рӯзноманигорону блогерҳо ва фаъолони ҷомеа низ барои фаъолияти касбӣ ва истифода аз ҳуқуқи бунёдии худ таъқиб мешаванд.
Коршиносони IPHR мегӯянд, саркӯбҳо дар Тоҷикистон пас аз рӯйдодҳои пурсарусадои сиёсӣ, аз ҷумла маҳдуд кардани фаъолияти мухолифон дар миёнаҳои солҳои 2010 ва эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2021 ва 2022 бештар шуданд.
Дар гузориш омадааст, мақомот қонунро дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ низ сахттар карда, аз санҷишҳои ҳадафманд ва шаклҳои дигари назорати маъмурӣ истифода мебаранд. "Ҳамчунин, ниҳодҳои амниятӣ ба тарсондан ва таҳдид рӯ меоранд," – гуфтаанд муаллифон.
Чанде аз ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик ба гузоришгарон гуфтаанд, мавзуъҳое, ки пештар ошкоро баррасӣ мешуд, ҳоло амалан мамнуъ гаштаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳар касе, ки дар бораи масъалаҳои ҳассоси ҳуқуқи инсон изҳори назар мекунад, метавонад бо хатари зиндонӣ шудан, таъқиб, тарсондан ва ҳатто фишор ба аъзои хонаводааш дучор гардад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фазо барои ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик "танг шудааст"
Дар гузориш гуфта мешавад, таъқибу назорати афзун бисёре аз фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорони мустақил ва мунтақидони ҳукуматро маҷбур кардааст, ки Тоҷикистонро тарк ё корашонро бас кунанд. Дар натиҷа, онҳое, ки дар кишвар мондаанд, дар вазъияти бисёр осебпазир қарор гирифтаанд.
Ба назари IPHR, дигаргунии сиёсӣ дар ҷаҳон ва коста шудани пойбандии ҷомеаи байнулмилалӣ ба ҳуқуқи инсону волоияти қонун вазъро боз ҳам печидатар кард.
Коҳиши маблағгузории ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина, нуфузи беш аз ҳадди Чин ва коҳиши фишори хориҷӣ ба мақомот барои иҷрои уҳдадориҳои онҳо дар бахши ҳуқуқи инсон аз таъсирҳои дигар ба кори ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон будааст.
Бо ин вуҷуд, ба навиштаи гузоришгарон, то ҳол дар Тоҷикистон ҳомиёни ҳуқуқ дар бахши ёриҳои ҳуқуқӣ ба мардум, назорат ва сабти поймоли ҳуқуқи инсон ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байнулмилалӣ фаъоланд, вале пуштибонии кофиву доимӣ ва устувории молӣ надоранд.
Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи Инсон (International Partnership for Human Rights) созмони мустақил ва ғайриҳукуматӣ аст, ки соли 2008 дар Брюссел таъсис ёфтааст.