Фавти 6 кас дар таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Қаршӣ

Узбекистон, ноҳияи Қаршӣ. 8 июн, 2026.

Дар таркиши як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Узбекистон шаш нафар ҳалок шуда, панҷ каси дигарро маҷруҳ шудаанд.

Ҳодиса баъд аз зуҳри 8-уми июн дар ноҳияи Қаршӣ рух додааст.

Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, дар пайи таркиш, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифт.

Дар ин ҳодиса ҳамчунин чор автомобил ва ду зарфи зеризаминии нигоҳдории сӯзишворӣ нобуд шудаанд.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, як комиссия бо роҳбарии муовини нахуствазир сабабҳои сар задани ҳодиса ва зарарро таҳқиқ доранд.

Сӯхтор ва таркиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ қаблан дар Тоҷикистон ҳам борҳо рух додааст.

Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва расиши ноқили барқӣ аз сабабҳои рух додани чунин ҳодисаҳо гуфта мешавад.