Фавти 18 кас дар марказҳои нигоҳдории муҳоҷирон дар Амрико

Боздошти як муҳоҷир аз сӯи кормандони Хадамоти муҳоҷират ва назорати гумруки Амрико. 26 январи 2025

Дар панҷ моҳи аввали соли 2026 дар марказҳои нигоҳдории муҳоҷирони Иёлоти Муттаҳида 18 кас вафот кардааст. Дар ин бора Волкер Турк, комиссари олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар гузориш дод.

Ба гуфтаи ӯ, моҳи июн дар бораи фавти боз як нафари дигар маълумот гирифтанд.

Соли 2025 фавти 33 нафар ва соли 2024 даргузашти 11 кас дар марказҳои муҳоҷиратии Иёлоти Муттаҳида сабт шудааст.

Комиссари олии Созмони Милал таъкид кард, ки набудани шаффофият ва маълум набудани шароити марги ин афрод, имкони ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъулро зери суол мебарад.

"Ман даъват мекунам, ки тафтишоти фаврӣ, мустақил, беғараз ва муассири ҳама мавридҳои фавт дар боздоштгоҳҳои Хадамоти муҳоҷират ва назорати гумруки Амрико (ICE) анҷом дода шавад. Онҳое, ки қонунро вайрон кардаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва оилаҳои қурбониён бояд ҳаққи собит кардани ҳақиқат, адолат, дарёфти ҷубронпулӣ ва кафолати такрор нашудани ҳодисаҳои монандро дошта бошанд," -- гуфт Волкер Турк.

Ба гуфтаи ӯ, афзоиши маргу мир дар пасманзари густариши амалиёт барои боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ сабт шудааст. Дар айни замон беш аз 60 ҳазор нафар дар марказҳои боздошти ICE нигоҳ дошта мешаванд. Дар аввали соли 2025 ин рақам тақрибан 40 ҳазор нафарро ташкил медод.

Мақомоти амрикоӣ ният доштаанд, ки то охири соли 2026 ғунҷоиши ин боздоштгоҳҳоро то 90 ҳазор нафар зиёд кунанд.