Фаррух Мақсудзода, сардори пешини Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд, ки бо гумони ришвагирӣ дастгир шуда буд, бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ озод гаштааст. Ӯ тақрибан се моҳро дар Боздоштгоҳ гузаронд.
Мақомот ба таври расмӣ дар ин бора шарҳ намедиҳанд. Як намояндаи Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 16-уми март бо шарти фош нашудани номаш гуфт, қарори раҳоии Фаррух Мақсудзода рӯзи 6-уми март содир шуд.
“Дар маҷмуъ, бо назардошти рӯзҳои дар ҳабс буданаш, 300 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Бинобар барқарор кардани зарар нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ ва ӯ аз боздошт озод гардид,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Фаррух Мақсудзода дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ озодияшро тасдиқ кард, вале ҷузъиёт надод. Вай танҳо гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ аст ва кӯшиш дорад дар рӯзҳои наздик дар ягон шифохонаи хусусӣ ба кораш идома бидиҳад.
Хабари боздошти Фаррух Мақсудзода дар охири моҳи декабри соли 2025 расонаӣ шуд. Ҳарчанд мақомоти қудратӣ боздошташро ба ришвагирӣ пайванд доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, ин ҳолатро ба фаъолияти соҳибкорияш рабт дод.
Тамаъҷӯӣ ва гирифтани ришва дар ниҳоди тандурустии Тоҷикистон аз мушкили аслии соҳа ба ҳисоб рафта, сокинону корафтодагон ҳам дар ин бора зиёд шикоят доранд. Оҷонси зидди фасод соли гузашта дар гузорише соҳаи тандурустӣ ва маорифро дар Тоҷикистон аз ниҳодҳои фасодзадатарин дониста буд.
Фаррух Мақсудзода дар тобистони соли 2025 сардори Раёсати тандурустии Суғд таъйин шуд. Вай дар гузашта як муддат сардухтури бемористони вилоятӣ буд.
Бори аввал нест, ки мансабдорони гумонзад ба ришвагирӣ ва қаллобиву тасарруфи пули буҷа дар Тоҷикистон бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод мешаванд.
Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе ва гурӯҳе аз зердастонаш, ки ба тасарруфи миллионҳо сомонӣ пули давлат гумонзад буданд, бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шуданд. Раҳоии онҳо баҳсҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бархе онро иҷрои одилонаи қонун ва баъзеи дигар бесобиқа ва зидди усули адлия номиданд.