Фаронса давлати Фаластинро ба расмият шинохт

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса зимни суханронӣ дар СММ.

Президенти Фаронса расман эълон кард, ки кишвараш давлати мустақили Фаластинро ба расмият мешиносад.

Эммануел Макрон 22-юми сентябр дар ҳамоише, ки аз сӯи Фаронса ва Арабистони Саудӣ дар қароргоҳи Созмони Милал ташкил шуд, гуфт, ташкили ду давлат роҳи сулҳро боз мекунад.

Раиси ҷумҳури Фаронса чанд моҳ қабл аз нияташ барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин хабар дода буд.

Рӯзи 21-уми сентябр чор кишвари ғарбӣ -- Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Португалия низ кишвари Фаластинро ба расмият шинохтанд.

Давлати Исроил аз ин тасмим интиқод карда, онро тӯҳфае ба гурӯҳи "Ҳамос" гуфт.

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё дар баёнияе гуфт, бо умеди дарёфти сулҳ миёни исроилиҳо ва фаластиниҳо, давлати Фаластинро ба расмият мешиносанд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ба ташкили давлати Фаластин муқобилият хоҳад кард. Нетаняҳу давлати Фаластинро таҳдиде барои бақои Исроил медонад.

Вазорати корҳои хориҷии Фаластин аз иқдоми чор кишвар барои ба расмият шинохтани ин кишвар истиқбол кардааст.