Бозии аввали 1/4-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни тимҳои миллии Фаронса ва Марокаш, ки шаби 10-уми июл дар варзишгоҳи "Ҷиллетт" дар Фоксборо (иёлати Массачусетс, ИМА) доир гардид, бо пирӯзии фаронсавиҳо бо ҳисоби 2:0 ба поён расид.
Дар дақиқаи 28-ум ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе тӯбро аз пеналти ба нишон расонида натавонист. Аммо капитан ё сарвони фаронсавиҳо дар дақиқаи 60-ум ҳисобро кушод. Пас аз шаш дақиқа ҳамлагар Усмон Дембеле тӯби ба вай ҳавододаи Мбапперо ба дарвоза ворид намуда, ҳисобро дучанд кард.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Фаронса аввлин шуда ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ пайдо намуд, вале тими миллии Марокаш мусобиқаро тарк мекунад.
Бояд зикр намуд, мунтахаби Фаронса бори севум пайиҳам дар нимфинали Ҷоми ҷаҳонии футбол бозӣ хоҳад кард, ки ба ин натиҷа аз соли 2014-ум ягон мунтахаби дигар мушарраф нашудааст.
Дар нимфинал мунтахаби Фаронса бо ғолиби ҷуфти даври чорякфиналӣ миёни тимҳои миллии Испания — Белгия рақобат хоҳад кард.
Дар 1/4 финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 боз се бозӣ байни мунтахабҳои Испания – Белгия, Норвегия – Англия ва Аргентина - Швейтсария баргузор мешавад.
Бозии ниҳоӣ шаби 20-уми июл соати 00:00 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) сурат мегирад.
1/4 финал (замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе):
11-уми июл (шанбе)
00:00 - Испания – Белгия (Лос-Анҷелес, ИМА)
12-уми июл (якшанбе)
02:00 - Норвегия – Англия (Майами, ИМА)
06:00 - Аргентина – Швейтсария (Канзас-Сити, ИМА)
1/2 финал
15-уми июл (чоршанбе)
00:00 - Фаронса – ғолиби ҷуфти Испания – Белгия
16-уми июл (панҷшанбе)
00:00 - Норвегия/Англия – Аргентина/Швейтсария
19-уми июл (якшанбе)
02:00 - Бозӣ барои ҷойи 3-юм
20-уми июл (душанбе)
00:00 - ФИНАЛ
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Килиан Мбаппе (Фаронса) ва Лионел Месси (Аргентина) бо 8-голӣ пешқадаманд. Эрлинг Ҳоланд (Норвегия) бо 7 гол дар ҷойгоҳи севум аст. Ҳарри Кейн (Англия) бо 6 гол дар зинаи чаҳорум қарор дорад.
Ба панҷгонаи нишонзанҳои беҳтарин, инчунин Усмон Дембеле (Фаронса) бо 5 гол шомил аст.