Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми феврал фармон дод, ки аз 1-уми сентябри имсол нишондиҳандаи ҳадди ақалли маош дар кишвар ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Фармон "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия” ном дорад. Бар асоси ин фармон, маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, дигар сохторҳои буҷавӣ ва ҳамчунин стипендияи донишҷӯён аз 20 то 30% боло бурда мешавад.
Оғози соли 2024 меъёри музди ҳадди аққал дар кишвар 800 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Бархе иқтисодшиносон мегӯянд, афзоиши маош дар Тоҷикистон бо сабаби таваррум зиёд эҳсос намешавад, чун арзиши молу маҳсулот ва хӯрокворӣ дар Тоҷикистон пайваста дар ҳоли боло рафтан мебошад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Нашри эъломияи моликияти мансабдорон лозим аст ё не?"Нафақаро 10% зиёд мекунанд, вале нархи ҳама чиз боз гарон мешавад""Дар Русия маош кам аст, муносибат хуб нест." Тоҷиконро бо чӣ шарт ба Корея мебаранд?Президент: даромади аҳолӣ 100 миллиард сомонӣ зиёд шудааст