"Фарҳанги суманакпазӣ" ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд 

Акс аз бойгонӣ.

"Фарҳанги суманакпазӣ" ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 10-уми декабр, дар ҷаласаи 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳинд, "Фарҳанги суманакпазӣ" шомили ин феҳрист шуд.

Ба иттилои манбаъ, бахши "Фарҳанги суманакпазӣ" аз ҷониби Комиссияи миллии Тоҷикистон дар мавриди корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии ин созмон пешниҳод шуда буд.

Пештар аз ин, ёдгориҳои мероси фарҳангии "Хуттали Қадим", ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид ворид гардид.

Ёдгории табиии "Боғи миллии Тоҷикистон", шаҳри бостонии Саразм, инчунин мусиқии миллии "Шашмақом", ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таоми миллии "Оши палов" ва "Чакан, санъати зардӯзӣ дар Тоҷикистон", аз ҷумлаи дигар мероси фарҳангии мардуми тоҷик ба шумор мераванд, ки аз сӯи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият ворид гардидаанд.