Як гурӯҳ аз фаъолони Кӯлоб дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон хостаанд, ки нисбат ба Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигор ва нависандаи зиндонӣ "раҳм" карда, ҷазои сабуктареро нисбати ӯ татбиқ кунанд.
Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили "Пайк" дар шаҳри Кӯлоб дар моҳи августи соли 2024 боздошт ва бо иттиҳоми "пешниҳоди пора ба корманди КДАМ", "ифротгароӣ" ва "тамаҷӯъӣ" даҳуним сол зиндонӣ шуд. Созмонҳои байналмилалӣ ва наздиконаш ӯро бегуноҳ медонанд.
Дар нома ба президент, ки як нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, фаъолон навиштаанд, ки ҳукми додгоҳро инкор намекунанд ва бо навиштани ин нома "гуфтанӣ нестанд, ки ӯ бегуноҳ ҳаст". Онҳо навиштаанд, "шояд ӯ ҷое саҳву иштибоҳ ҳам карда бошад, аммо то ҷое маълумот дорем, дар маҳбас гирифтори бемориҳо гаштаааст, ки минбаъд метавонанд ӯро умуман аз пой уфтонад".
Фаъолон дар номаи худ аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки нисбати рӯзноманигор "чораҳои сабуктар андешанд".
"Масалан, камтар кардани мӯҳлати маҳбусиаш ё ба "ҳабси хонагӣ" таҳти назорати мақомот қарор додани ӯ, то табибон тавонанд ба ӯ дар муҳиту фазои хонаводагиаш кӯмакҳои тиббӣ расонанд,"-- гуфта шудааст дар нома.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фаъолони Кӯлоб аз президент озодии Аҳмади Иброҳимро хостаанд
Манобеи Радиои Озодӣ ҳам пештар гуфта буданд, ки Аҳмади Иброҳими 64-сола дар зиндон гирифтори бемории "Паркинсон" шуда, дастону сараш беист меларзанд, фишораш боло меравад ва қалбаш ҳам мушкил пайдо кардааст.
Пайвандони Аҳмади Иброҳим моҳи августи соли 2025 гуфта буданд, тандурустии ӯ дар зиндон чандон хуб нест. Ба қавли ҳамсару хоҳаронаш, рӯзноманигори зиндонӣ банди муолиҷа аст.
Ҷумъахон Алимӣ, донишманд ва устоди Донишгоҳи Кӯлоб, ки дар зери ин нома имзо кардааст, рӯзи 8-уми январ гуфт, “осори Аҳмади Иброҳим пур аз ватандӯстӣ ва миллатдӯстӣ аст, аз ин рӯ, аз президенти кишвар хостанд, ки бо дарназардошти бемориҳои ӯ, имкон бошад, ҷазояшро сабуктар кунанд.”
Маълум нест, ки ин нома ба дасти президент расидааст ё на.
Бар асоси қонун, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз ҳаққи афви зиндониён бархӯрдор аст
Моҳи марти соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон наздики 700 зиндониро афв кард, вале дар миёни онҳо ҳеч як аз рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ набуданд.
Тақрибан ҳама наздикони фаъолони боздоштшуда ва рӯзноманигорон ба Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта нома навишта буданд, вале мушоҳида мешавад, ки тағйире дар сарнавишти онҳо сурат нагирифтааст.
Дар се соли ахир дар Тоҷикистон беш аз даҳ рӯзноманигору блогер боздошту зиндонӣ шуданд. Наздикони боздоштшудаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ раҳоии онҳоро хоста буданд.
Аҳмадӣ Иброҳим дар номаҳои пешинааш боздошту ҳабсашро кори мақомоти маҳаллӣ дониста, дар он номаҳо бар ин бовар буд, ки агар президент аз ин хабар ёбад, озод хоҳад шуд.
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар шаҳри Кӯлоб буд, ки аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекард, вале дар бораи кору фаъолияти мақомоти маҳаллӣ мақолаҳои танқидӣ нашр мекард.