Фаъолони Кӯлоб аз президент озодии Аҳмади Иброҳимро хостаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як гурӯҳ аз фаъолони Кӯлоб дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки ба Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори зиндонӣ “раҳм” карда, ҷазои сабуктареро нисбат ба ӯ татбиқ кунанд. Сардабири нашрияи мустақили “Пайк” дар шаҳри Кӯлоб соли 2024 бо иттиҳомоти гуногун аз ҷумла "тамаҷӯъӣ” даҳуним сол зиндонӣ шуд.