Додситонии кулли Қазоқистон нақша дорад, фаъолияти ҳаҷвнигори маъруф Нурлан Сабуровро бар асоси моддаи “зархаридӣ” бисанҷад. Сабаб эҳтимоли даст доштани ӯ дар таъминот ё маблағгузории низомиёни Русия гуфта мешавад.
Дар ин бора Галимҷон Койгелдиев, муовини додситони кулли Қазоқистон, хабар додааст. Бар асоси қонун дар Қазоқистон, маблағгузорӣ ба низоъҳои мусаллаҳона манъ аст ва барои ин амал аз 7 то 12 сол зиндон пешбинӣ мешавад.
Бино ба иттилои расонаҳо, ба санҷиши додситонӣ як навиштаи раҳбари шаҳри Истра аз тобистони соли гузашта дар Телеграм сабаб шуд. Вай гуфтааст, Сабуров ба майдони ҷанг 10 мототсикл фиристод.
Мақомоти интизомии Русия ҳаҷвнигори қазоқ Нурлан Сабуровро 50 сол аз ҳаққи даромадан ба ин кишвар маҳрум карданд. Як манбаи хабаргузории расмии “РИА Новости” гуфтааст, далели чунин қарор ба танқиди Сабуров аз ҷанги Русия дар Украина ва ҳам вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ва молиёт рабт дорад.
Сабурови 34-сола, ки шаҳрванди Қазоқистон аст, шаби 6-уми феврал бо ҳавопаймои Fly Dubai ба Маскав расид, вале ӯро хориҷ карданд. Ҳаҷвнигор ба Қазоқистон баргаштааст.